ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 30 декабр, шанбе, 364-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 1 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
30 декабри соли 2008 ҳафтаномаи «Курьер Таджикистана» натиҷаи назарсанҷӣ миёни роҳбарони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистонро ба нашр расонид. Дар он сиёсатмадори беҳтарини соли 2008 дар Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номида шуд.
***
8 сол пеш аз ин, 30 декабри соли 2009 байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул гуфтугӯи телефонӣ сурат гирифт. Сарварони ду кишвари дӯст вазъу дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистону Туркияро баррасӣ намуда, дар бораи рушду густариши минбаъдаи он муфассал мубодилаи афкор намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод, ки донишҷӯёни ин вилоят гирандаи стипендияи ба номи Д.И.Менделеев гардиданд, ки ташкилкунандаи он Фонди рушди «Институти тадқиқоти Авруосиёӣ» дар Федератсияи Россия мебошад.
30 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Мадагаскар – Рӯзи ҷумҳурӣ.
РӮЙДОДҲО:
30 декабри соли 1922 Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистӣ ташкил гардид (то 26 декабри 1991 фаъолият кард).
***
30 декабри соли 1918 Ҳизби коммунистии Германия таъсис ёфт.
***
71 сол муқаддам, 30 декабри соли 1946 Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба энергияи атомӣ пешниҳоди ИМА-ро оид ба нақшаи назорат аз болои ин соҳа ба тасвиб расонид.
***
Дар ин рӯзи соли 1949 Франсия истиқлолияти Ветнамро эътироф кард.
***
30 декабри соли 1964 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд тасдиқ карда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 1953 дар ИМА аввалин телевизори ранга ба фурӯш бароварда шуд.
***
Соли 1927 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин маротиба дар ҷаҳон тарзи коркард ва гирифтани каучук амалӣ гардид.