ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ: дар Тоҷикистон зиёда аз 3 ҳазор навъи гиёҳҳои шифобахш мерӯянд

Декабрь 16, 2017 12:06

ДУШАНБЕ, 16.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   соли 2018 дар минтақаи Сари Хосори  ноҳияи Балҷувон  ва мавзеи Канаск корхонаҳои коркарду банду басти гиёҳҳои шифобахши ватаниро ба роҳ мемонад»,- иброз дошт дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин КАМОЛЗОДА.    

Гиёҳдармонӣ   яке аз маъмултарин намуди тибби халқӣ буда, ба воситаи он бисёр бемориҳо табобат карда мешаванд.  Табобат бо усули гиёҳдармонӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим дар байни мардуми тоҷик маъмул буд.   Имрӯзҳо низ  дида мешавад, ки таваҷҷуҳи мардум ба  гиёҳдармонӣ баланд шудааст ва фоидаву нафъи гиёҳдармониро хуб эҳсос мекунанд.

Бояд гуфт, ки рушд додани хизматрасониҳои тиббиро тавассути гиёҳдармонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ зикр намудаанд.

Ба иттилои М. Камолзода,   бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат   барои рушди хизматрасонии тиббӣ тавассути гиёҳдармонӣ дар ҳамаи муассисаҳои табобатию пешгирии мамлакат гӯшаҳои гиёҳдармонии замонавӣ бо овезаҳо дар бораи аҳамияти ин гиёҳҳо барқарор карда шудаанд. Ҳамзамон дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон   ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ корхонаҳои хурду бузурги коркарди гиёҳҳои шифобахш бо таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз шуда, гиёҳҳои ҷамъоваригардида аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ коркард ва бандубаст гардида, ба аҳолӣ пешниҳод карда мешаванд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки   бо мақсади ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш дар дохили ҷумҳурӣ аз ҳисоби кормандони Муассисаи давлатии тиббии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» гурӯҳи корӣ ташкил гардида, ба ноҳияи Балҷувон сафарбар гардид.

«Гурӯҳи кориро ҳамзамон намояндагони  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон     ҳамроҳӣ намуданд, ки дар натиҷа аз ҷамоати деҳоти Шайдон ва деҳаҳои Султон Увайс, Сари Хосори  ноҳияи Балҷувон ба миқдори зиёда аз 5 ҳазор кг гиёҳҳои шифобахш, аз қабили  коснӣ, чойкаҳак, кокутӣ, раҳдавак, субинак, газна,  лупанак, пудина ва сапали уштур ҷамъоварӣ карда шуд.   Гиёҳҳои ҷамъоваришуда ба маркази таълимӣ-истеҳсолии «Ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш» – и Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дастрас карда шуда, айни ҳол дар ҷараёни коркард ва истеҳсол қарор доранд»-, гуфт М. Камолзода.

Ба иттилои мусоҳиб, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 32 ширкати ватанӣ истеҳсоли 240 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро ба роҳ мондаанд, ки нисбат ба соли 2016 10 %   ва дар 5 соли охир се маротиба афзудааст. Содироти маводи фаъоли биологӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ дар ин давра ба 62 миллиону 252 ҳазору 141 сомонӣ  баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 20 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Танҳо соли равон бо мақсади таҳия ва коркарди  дорувории ватанӣ дар назди Муассисаи давлатии  таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» таъсис гардида, он моҳи августи соли 2017 дар арафаи Иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ расман ба истифода дода шуд.  Дар маркази мазкур 15 нафар кормандон фаъолият намуда, ҳамасола зиёда аз 200 нафар донишҷӯёнро ба кори таҷрибавӣ ҷалб менамоянд. Дар ин марказ 52 номгӯй маводи дорувории экстемпералӣ (дар шароити дорухона) тайёр ва 5 номгӯй гиёҳҳои шифобахши ватанӣ коркард ва басту банд карда мешаванд, — иброз дошт М.Камолзода.

Бояд  гуфт, ки моҳи ноябри соли равон  дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон Сарвари давлат  корхонаи    дорусозӣ ва маводи тиббии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Суғд»-ро   ифтитоҳ бахшиданд.

Дар корхонаи мазкур истеҳсоли маводи доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ба роҳ монда шуда, тасмим гирифта шуд, ки номгўи маҳсулоти он марҳила ба марҳила васеъ карда шавад.

«Дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазору 500 навъи гиёҳҳои шифобахш мерӯянд, ки ба 70  номгӯи он барои истифода ва тайёр намудани доруҳо барои табобат  иҷозат дода шудааст»,- зикр намуд зимни  суҳбат  директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷамшедов.

«Дар маркази мо, ки ба тайёр намудани доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахш машғул аст, 46 номгӯй гиёҳҳо  истифода бурда мешаванд.  Аз ин гиёҳҳо мо намудҳои гуногуни қиёмҳо, ҷӯшоба, дамоба ва дигар намуди хокаҳо барои табобат тайёр намуда, ба мардум пешкаш мекунем»,- зикр намуд ҳамсуҳбат.

Тавре мутахассиси Корхонаи воҳиди давлатии  Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ  Саидҷон Саидшарипов иттилоъ дод,  «соли 2004 Қонун дар бораи  тибби халқӣ баромада буд, ки  дар он танзими соҳа  ва ба танзим даровардани кори табибони халқие, ки  ба ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш машғуланд, зикр гардидааст. Ба ин хотир  дар назди ин марказ  курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ ба роҳ монда шудаанд, ки дар онҳо  мутахассисони соҳибмалака гиёҳдармонӣ, сӯзандармонӣ,  маҳс ва шуллукдармониро меомӯзонанд.    Инчунин дар ин марказ  ҷамъоварии гиёҳҳо,  басту банди онҳо,    тарзи захира ва   табобати бемориҳои гуногун бо усули гиёҳдармонӣ, тайёр намудани дамоба, ҷӯшобаҳо, хокаҳо, қиёмҳо ва  захираву истифодаи онҳо омӯзонида  мешаванд. Бояд гуфт, ки имсол дар Марказ 137 нафар мутахассисон омода карда шуданд, ки айни ҳол ба фаъолият машғуланд».

Ба иттилои Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, бо назорати мутахассисони ин соҳа дар 55 муассисаҳои тиббии  ҷумҳурӣ гӯшаҳои    гиёҳдармонӣ ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо   намудҳои гуногуни гиёҳҳои шифобахш ва  чойҳои гуногуни гиёҳӣ ҷойгир буда, аз онҳо беморони ин муассисаҳо самаранок истифода мебаранд.

    Ибодат ДАВЛАТЗОДА, 

АМИТ «Ховар»

 

Декабрь 16, 2017 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид