Ташхисгари тиббӣ-судии Маркази экспертизаи тиббӣ-судии вилояти Хатлон бо гумони порагирӣ боздошт шуд

Декабрь 18, 2017 10:44

ДУШАНБЕ, 18.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти ташхисгари тиббӣ-судии Маркази экспертизаи тиббӣ-судии вилояти Хатлон Раҳматулло Мудинов хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, номбурда  аз ваколатҳои мансабиаш истифода карда, бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд «А» барои пешниҳод кардани хулосаи тиббӣ-судӣ вобаста ба фарзандаш дар хусуси бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ 13 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.

«Кормандони Агентӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Ваҳдат, назди бинои Терминали мусофиркашонии шаҳри Қӯрғонтеппа ҳангоми аз шаҳрванд “А” гирифтани 13 ҳазор сомонӣ  Раҳматулло Мудиновро дар ҷои ҳодиса дастгир карданд ва ин маблағ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд»,-гуфт манбаъ.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Раҳматулло Мудинов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Декабрь 18, 2017 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст