«ТОҶИКИСТОН–ҶАҲОНИ САЁҲАТ». Намоишгоҳи сайёҳӣ ва маҳсулоти савғотии ҳунармандон–муаррификунандаи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 21.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар бинои Галереяи санъати муосири Тоҷикистон, воқеъ дар Маркази савдои «Душанбе мол» Намоишгоҳи сайёҳӣ ва маҳсулоти савғотии ҳунармандон таҳти унвони «Тоҷикистон – ҷаҳони саёҳат» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар намоишгоҳ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти савғотии ҳунармандон ва маҳсули ҳунарҳои миллии дастӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гашта, барои ворид шудани ин соҳа ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда шуданд. Масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мавриди таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Аз ҷумла, бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, нафароне, ки дар деҳотҷойҳо ба фурӯши маҳсулоти пашмӣ, намадӣ, пахтагӣ, абрешимӣ, гулдӯзиву зардӯзӣ, ки дар маҷмӯъ харидорони зиёд доранд, машғул мегарданд, аз пардохти андоз озод карда шудаанд.
Ҳамзамон тибқи ин қарор шаҳрвандоне, ки дар деҳотҷойҳо курсҳои омўзиши ҳунарҳои миллӣ, аз қабили дўзандагӣ, бофандагӣ, риштабофӣ, газворбофӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, рассомӣ, рангуборкунӣ ва наққоширо ташкил намудаанд, андоз намесупоранд.
Ба иттилои манбаъ, намоишгоҳи сайёҳӣ ва маҳсулоти савғотии ҳунармандон таҳти унвони «Тоҷикистон – ҷаҳони саёҳат» 3 рӯз идома ёфта, 23 декабри соли равон ба ғолибони озмунҳои «Маҳсулот ва савғотии беҳтарин барои сайёҳон», мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Тоҷикистон- минтақаи ҷолиби сайёҳӣ», «Таҳияи бизнес-нақшаҳои соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ» ва «Ширкати беҳтарини сайёҳӣ» туҳфаҳои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.
Мақсади баргузории намоишгоҳ муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат, хатсайрҳои сайёҳӣ, намуди хизматрасониҳо ва мавзеъҳои тамошобоби ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.












Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






