Тоҷикистон дар Фестивали фарҳанг ва санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Сеул иштирок намуд

Декабрь 18, 2017 15:02

ДУШАНБЕ, 18.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 17 декабри соли равон дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея Фестивали фарҳанг ва санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар фестивали мазкур намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон иштирок намуданд.

Фарҳанг ва санъати Тоҷикистонро дар фестивал гурӯҳи ҳунарпешаҳо, ки аз намояндагони Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода, ансамбли давлатии «Шашмақом» ва ансамбли эстрадии «Гулшан» иборат буданд, муаррифӣ намуд.

Ҳайати Тоҷикистон ба тамошобинони фестивал намунаҳои беҳтарини рақс ва оҳангу сурудҳои классикиву муосири тоҷикро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби онҳо бо шавқи беандоза пазироӣ гардиданд.

 

Декабрь 18, 2017 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст