Ҳунармандони Бадахшон аз эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле хушҳоланд
ХОРУҒ, 25.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати деҳоти Тусиёни ноҳияи Роштқалъа бо дастгирии Раёсати ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон коргоҳи хурди бофандагию ресандагӣ кушода шуд. Дар рӯзи аввали корӣ, ки ба рӯзи ирсоли Паёми Президенти Тоҷикистон рост омад, ҳунармандони коргоҳ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро тамошо карданд. Аз он ки дар Паёми имсолаи худ Сарвари давлат ба бахши сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар аҳамияти хосса зоҳир карда, ба ҳукумати мамлакат дустур дод, ки бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорону ҳунармандон аз Фонди дастгирии соҳибкорӣ қарзҳои бештари имтиёзнок ҷудо намоянд, ҳунармандон хеле хушҳол гардиданд. Илова бар ин дар Паём омадааст, ки «бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад».
Муовини сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018-ро ҳам кормандони соҳаи сайёҳӣ ва ҳам ҳунармандони мардумӣ бо хурсандӣ истиқбол гирифтанд. Аслан ин ду мафҳум бо ҳам робитаи қавӣ доранд ва дар сурати баробар тараққӣ додани ин ду соҳа ҳам ҷавонони зиёд соҳиби ҷои кор мешаванд ва ҳам буҷаи маҳаллӣ ғанитар мегардад.
Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят марказҳои муосири хаизматрасонӣ кушода шуданд ва дар бештари ин марказҳо барои ҳунармандони мардумӣ утоқҳо ҷудо карда шудаанд. Ҳунармандон акнун имкон пайдо намуданд, ки маҳсулоти дастии худро ба сайёҳони дохилию хориҷӣ пешниҳод намоянд.
Ин коргоҳи хурде, ки дар ҷамоати Тусиёни ноҳияи Роштқалъа ба фаъолият оғоз кард, дар марҳилаи аввал аз ҷониби Раёсати ҷавонон дастгирӣ карда мешавад. Ҳоло ин коргоҳро Раёсати мазкур бо ашёи хом таъмин мекунад ва дар оянда тибқи шартнома коргоҳи бофандагию ресандагиро худи сокинони деҳот таъмин мекунанд. Раиси ҷамоати деҳоти Тусиён Манзура Раҷаббекова гуфт, ки аксарияти деҳотиён ба парвариши чорво машғуланд ва дар гузашта намедонистанд, ки пашми бузу гӯсфандонашонро чӣ гуна истифода баранд. Ҳоло барои онҳо чунин имконият фароҳам оварда шуд.
Ба гуфтаи Сураҷ Чоршанбиев, дар оянда онҳо ният доранд, ки чунин коргоҳҳои хурди бофандагию ресандагиро дар деҳоти дигари вилоят ба роҳ андохта, дар пайдо кардани мизоҷон ба ҳунармандони мардумӣ кумаки худро расонанд.








«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад






