Ҳунармандони Бадахшон аз эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле хушҳоланд

Декабрь 25, 2017 15:56

ХОРУҒ, 25.12.2018  /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати деҳоти Тусиёни ноҳияи Роштқалъа бо дастгирии Раёсати ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон коргоҳи хурди бофандагию ресандагӣ кушода шуд. Дар рӯзи аввали корӣ, ки ба рӯзи ирсоли Паёми Президенти Тоҷикистон рост омад, ҳунармандони коргоҳ Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро тамошо карданд. Аз он ки дар Паёми имсолаи худ Сарвари давлат ба  бахши сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар аҳамияти хосса зоҳир карда, ба ҳукумати мамлакат дустур дод, ки бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорону ҳунармандон аз Фонди дастгирии соҳибкорӣ  қарзҳои бештари имтиёзнок ҷудо намоянд, ҳунармандон хеле хушҳол гардиданд. Илова бар ин дар Паём омадааст, ки  «бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад».

Муовини сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят  Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018-ро ҳам кормандони соҳаи сайёҳӣ ва ҳам ҳунармандони мардумӣ бо хурсандӣ истиқбол гирифтанд. Аслан ин ду мафҳум бо ҳам робитаи қавӣ доранд ва дар сурати баробар тараққӣ додани ин ду соҳа ҳам ҷавонони зиёд соҳиби ҷои кор мешаванд ва ҳам буҷаи маҳаллӣ ғанитар мегардад.

Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат  дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят марказҳои муосири хаизматрасонӣ кушода шуданд ва дар бештари ин марказҳо барои ҳунармандони мардумӣ утоқҳо ҷудо карда шудаанд. Ҳунармандон  акнун имкон пайдо намуданд, ки маҳсулоти дастии худро ба сайёҳони дохилию хориҷӣ пешниҳод намоянд.

Ин коргоҳи хурде, ки дар ҷамоати Тусиёни ноҳияи Роштқалъа ба фаъолият оғоз кард, дар марҳилаи аввал аз ҷониби Раёсати ҷавонон дастгирӣ карда мешавад. Ҳоло ин коргоҳро Раёсати мазкур бо ашёи хом таъмин мекунад ва дар оянда тибқи шартнома коргоҳи бофандагию ресандагиро худи сокинони деҳот таъмин мекунанд. Раиси ҷамоати деҳоти Тусиён Манзура Раҷаббекова гуфт, ки аксарияти деҳотиён ба парвариши чорво машғуланд ва дар гузашта намедонистанд, ки пашми бузу гӯсфандонашонро чӣ гуна истифода баранд.  Ҳоло барои онҳо чунин имконият фароҳам оварда шуд.

Ба гуфтаи Сураҷ Чоршанбиев, дар оянда онҳо ният доранд, ки чунин коргоҳҳои хурди бофандагию ресандагиро дар деҳоти дигари вилоят ба роҳ андохта, дар пайдо кардани мизоҷон ба ҳунармандони мардумӣ кумаки худро расонанд.

Декабрь 25, 2017 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ Созишнома ба имзо расид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Имсол ба вилояти Хатлон беш аз ним миллион сайёҳ ворид гардидааст
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад