Усмонҷон Ғаффоров: «Моро зарур аст аз паи татбиқи нуктаҳои асосии Паём шавем»

Декабрь 26, 2017 16:43

ХУҶАНД, 26.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо мардуми сарбаланди Суғдзамин низ дар қатори мардуми манотиқи дигари мамлакат Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ, ки 22 декабри соли равон тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ намоиш дода шуд, бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандориву соҳибистиқлолӣ қабул намуда, онро чун барномаи мушаххаси рушди минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рафъи камбудиҳои кулли соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ арзёбӣ менамоянд. Дар ин замина зимни суҳбат бо хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» корманди шоистаи Тоҷикистон, профессор, муаррих Усмонҷон Ғаффоров бардоштҳои худро аз Паёми Сарвари давлат чунин баён дошт:
-Дарвоқеъ, ҳамасола мардуми кишвар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бесаброна интизоранд ва ин ҳам бесабаб нест. Зеро Паёми Президенти кишвар воқеан ҳам фарогири паҳлӯҳои мухталиф, аз ҷумла, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг буда, он ба сифати роҳнамо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон нақши хеле муҳим дорад, зеро дастовардҳои мамлакатро дар чанд соли сипаригашта ва чанд соли минбаъда инъикос менамояд.
Соли дуюм аст, ки Паёми Пешвои миллат ба мақоми олии қонунгузори мамлакат дар арафаи Соли нави мелодӣ пешниҳод  мегардад, ки онро, бешубҳа, метавон як дастур ва фоли нек баҳри фаъолият дар соли нав барои тамоми соҳоти хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ кард. Зеро воқеан ҳам Паёми ҳамасолаи Президенти ҷумҳурӣ  ба сифати як роҳнамо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон нақши хеле муҳим дорад.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат дастовардҳои солҳои охири мамлакат ва дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъда мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, афзалиятҳои сиёсати минбаъда бори дигар мушаххас баён гардидаанд.

Пешвои миллат дар Паёми имсола нуктаҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро баён намудаанд.  Аз ҷумла, дар самти некуаҳволии мардум, баланд бардоштани маош ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон чанд пешниҳод  ироа гардид. Ҳамчунин дар баробари ин боз чанд таклифе пешниҳод гардиданд, ки боиси дастгирист.

Аз ҷумла, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ аз ҷониби Сарвари давлат соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд.

Бояд гуфт, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар навбати худ бо манзараҳои зебову дилписанд, нотакрору мафтункунандаи худ ҳамасола ҳазорҳо сайёҳони хориҷиро ба ҷумҳурӣ ҷалб мекунад. Далели ин гуфтаҳо баҳои баланди Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш зимни сафараш ба Тоҷикистон тобистони соли равон буд, ки аз табиати зебоманзари мамлакат, аз ҷумла, кӯли Сарез  ва  кӯҳҳои Помир  хеле ба ваҷд омада буд.

Набояд фаромӯш кард, ки Тоҷикистон дорои минтақаҳои хуби сайёҳӣ, чун Бадахшону Рашту Хатлон, Ҳисору Зарафшон,  мавзеъҳои зебое, чун Искандаркӯлу Ҳафткӯл, Хоҷаобигарму Шоҳамбарӣ, дараҳои Ромиту Варзоб буда, баҳри ҷалби бештари меҳмонони хориҷӣ моро мебояд инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасониро дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монем.

Ҳамчунин паҳлуи дигари ин сол рушди ҳунарҳои мардумӣ ба ҳисоб меравад. Эълони ин сол ҳунармандону косибон ва соҳибкоронро бетараф гузошта наметавонад, зеро мардуми мо аз қадим ҳунарманд буданд. Аз ҷумла, то миёнаҳои солҳои 30-юми асри гузашта  дар шаҳри Хуҷанд ҳар як маҳалларо бо косибонаш чун «карбосбофон», «абрабандон», «пиллакашон», «шоҳибофон» мешинохтанду ба забон мегирифтанд.

Ҳамзамон масъалаи дигаре, ки таваҷҷуҳи маро зимни тамошои Паёми Пешвои миллат ба худ ҷалб кард, мушоҳидаи норасоии кадрҳои соҳаи фарҳанг мебошад. Зеро соҳаи фарҳанг муаррифи таъриху тамаддун ва адабиёту санъати ҳар як халку миллат ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудани Сарвари давлат ба ин соҳа аз маърифати баланд ва санъатдӯстии он кас дарак медиҳад. Ва дар ин ҷода таъкиди Пешвои миллат барои ба муассисаҳои фарҳангӣ  ҳарчи бештар ҷалб намудани мутахассисон ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон такон бахшидан боиси дастгирист. Зеро танҳо фарҳанги волои ҳар як миллат метавонад аз таъриху маънавиёти бойи он дарак диҳад.

Аз ин лиҳоз шаҳрвандони кишварро мебояд барои сари вақт амалӣ намудани иқдомҳои  наҷиби Сарвари давлат камари ҳиммат банданд, зеро бо татбиқи нуктаҳои асосии Паёми имсола мо метавонем ба самтҳои баланди рушд ноил гардем.

Таҳияи Абдуаҳад ДАДОБОЕВ,

АМИТ «Ховар», Суғд

Декабрь 26, 2017 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад