«ВАО ва психологияи инсон»- семинари омӯзишӣ барои журналистони тоҷик

Декабрь 15, 2017 09:57

ДУШАНБЕ, 15.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 14 декабри соли равон дар Муассисаи давлатии Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон таҳти унвони «ВАО ва психологияи инсон» семинари омӯзишӣ доир гардид. Дар семинари мазкур равоншиноси тоҷик Маҳмудшоҳ Кабирзода ба журналистон оид ба тарзи дуруст гирифтани мусоҳиба, суҳбат  бо қаҳрамонон, баланд бардоштани шуури ҷамъиятӣ ва дарк кардани набзи ҷомеа  аз нигоҳи равоншиносӣ маълумот дод.

Ҳадафи семинарро масъулин баланд бардоштани савияи дониш, маҳорати касбӣ ва дуруст амал намудан зимни фаъолияти касбии журналистӣ маънидод намуданд.

Мавриди зикр аст, ки муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Тоҷикистон 1 марти соли 2016 ба фаъолият оғоз карда, ҳадафи таъсиси он тарбия, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони воситаҳои ахбори оммаи кишвар мебошад.

 

Декабрь 15, 2017 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд