ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…

Декабрь 18, 2017 12:04

ДУШАНБЕ, 18.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия ҳамарӯза дар ҷумҳурӣ ҷинояту кирдорҳои ба ҷомеа хавфнок содир мешаванд, ки ин бевосита аз надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон аст. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон  хабар додааст, ки чанде аз онро барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мегардонем.

Дарёфт ва мусодираи намудҳои гуногуни «хлопушка»

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров марди 24-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд. Зимни кофтуков аз ӯ 5640 адад маводи тарфгарии намудҳои «Трения», «Петарди Чёрний смерт» ва «Тсой Вам Лен» дарёфт ва мусодира шуд.

Азхудкунии беш аз 14 ҳазор $ аз ҷониби собиқ директори филиали бонк

Зимни гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 60-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, собиқ директори филиали Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Тоҷпромбонк» ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.

Номбурда бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ аз моҳи ноябри соли 2013 то моҳи июни соли 2015 аз ҳисоби бонки мазкур 14 ҳазору 758 доллари амрикоиро аз худ намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Чӯпон чорворо ба 65 ҳазор сомонӣ фурӯхт

Ба шуъбаи Вазорати корҳои  дохилӣ дар ноҳияи Муъминобод марди 31-солаи сокини ноҳияи Темурмалик дар он хусус муроҷиат намуд, ки 31 майи соли 2017 марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Деҳи баланди ноҳияи Муъминобод, 540 сар чорвои майдаи шохдорро барои ногоҳубин қабул намуда, давоми шаш моҳ 143 сар чорвои мазкурро ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ фурӯхта, маблағашро аз худ намудааст. Марди гумонбар аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Роҳзанӣ бо истифода аз корди «финка»

Зимни доир намудани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 21-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанберо бо ҷурми роҳзанӣ дастгир намуданд.

Ба шуъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 20-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 16 декабри соли 2017, тахминан соати 18:30, ҳангоми дар назди бинои истиқоматӣ қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ бо истифода аз корди «финка», ба ӯ ҳамла намуда, 180 сомонӣ, 1 адад телефони мобилии тамғаи «Леново» ва 1 адад таҷҳизоти техникии мобилии «Блютуз»-ро, ки арзишашон 590-сомониро ташкил медиҳад, гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони милитсия тафтиш шуда истодааст.

 

Декабрь 18, 2017 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд