«ЯК СОЛИ ҶАВОНОНИ МУҚИМИ АМРИКО» (Дар ҳошияи Соли ҷавонон)

Декабрь 29, 2017 11:55

«Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд. Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».

Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
22.12.2016, шаҳри Душанбе

 

ДУШАНБЕ, 29.12.2017  /АМИТ «ХОВАР»/. Аз Паёми порсолаи Пешвои миллат  дақиқан як сол сипарӣ гардид ва натиҷаи таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти мамлакат ба нерумандтарин қишри ҷомеа-ҷавонон таҳаввулоти ҷиддиеро дар ҳаёти насли навраси кишвар ба бор овард. Ҷалби шумораи зиёди ҷавонон ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва эътимоду боварӣ ба онҳо дар ниҳоят чандин қолаби аз замони шӯравии пешин бозмондаро, ки боиси камтар роҳ ёфтани ҷавонон ба вазифаҳои пурмасъул мегардид, бишкаст ва самарааш низ дар нахустин баҳори ин ташаббус барои аҳли ҷомеа бармало равшан аст.

Он чи мо ишора намудем, бештар ба ҷавонони дохили кишварамон марбут аст. Ҳоло бубинем Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ба рӯзгори ҷавонони берун аз Ватан чӣ таъсир расонид, дар ҳоле, ки ин рӯзҳо шумори ҷавонони мо, ки дар солҳои мухталиф ҷиҳати таҳсилу кору иқомати доимӣ ба мамолики мухталифи сайёра ҳиҷрат кардаанд, кам нест.

Амрико яке аз бузургтарин ва пешрафтатарин кишвари дунёст, ки одамон аз саросари ҷаҳон орзуи дидану ҳатто дар он зистан мекунанд. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумори ҳамватанони мо дар ин кишвар (дар баробари садҳо ақаллияту миллатҳои муқими Амрико), ки барои кору таҳсил ва иқомати доимӣ сафар кардаанд, зиёд гардида, имрӯзҳо ҳазорҳо нафарро ташкил мекунад.

Ҳанӯз дар ибтидои соли сипаригардидаи 2017, дурусттараш моҳи феврал дафтари Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амрико аз ташкили барномаи фарҳангӣ бахшида ба Соли ҷавонон ва ҷашни ниёгони Наврӯз эъломи омодагӣ кард ва аз ҳамватанони муқими ин кишвар дархост намуд, то дар ин ҳамоиш фаъолона ширкат варзанд.

Ҳамин тавр, 19 марти соли 2017 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА бо дастгирии ҶСШК “Ориёнбонк” ва ҷамъиятҳои тоҷикони ШМА дар толори консертии “Rachel M. Schlesinger Concert Hall and Arts Center” бахшида ба ҷашни Наврӯз ва Соли ҷавонон дар Тоҷикистон ҷамъомади фарҳангӣ барпо намуд.

Бо назардошти ройгон будани иштирок дар ин ҷамъомад ва хеле ҷолибу рангин будани барномаи он садҳо нафар ҳамватанон аз манотиқи мухталифи Амрико ташриф оварданд.

Дар оғози он нахуст гузориши видеоие намоиш дода шуд, ки он оид ба таърих ва таҷлили ин иди аҷдодии ниёгонамон қисса мекард. Назари чанд тан аз соҳибназарон ва замзамаи таронаҳои наврӯзӣ аз забони ҷавонон дар ин гузориш тафаккури аҳли толорро ба Тоҷикистон ва умқи таъриху тамаддуни куҳанбунёди мо бурд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амрико Фарҳод Салим дар паёми табрикотиаш меҳмононро бо ҷашни Наврӯз табрик намуда, зикр кард, ки “дар ҳоле ки соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардидааст, месазад ҷавонон, яъне насли ояндаи давлату миллат ҳар куҷое набошанд, хоҳ дар дохил ва ё дар хориҷ, бо ҳисси баланди милливу ватандӯстӣ ба арзишҳои милливу давлатӣ, аз ҷумла, забон ва фарҳангу таъриху тамаддуни оламшумули хеш эҳтиром ва арҷгузорӣ кунанд”.

Ҳамзамон зимни ҷамъомад намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони ҳавзаи Колумбия, иёлоти Ню-Йорк, Пенсилвания ва Калифорния баромад намуда, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Наврӯз ва соли ҷавонон табрик намуданд ва ба Сафорат ҷиҳати баргузории ин маҳфил, ҳамчунин дастгирии доимӣ ба ҳамватанон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Воқеан, дар ҷараёни ҷамъомади мазкур фазои қалби бузургтарин кишвари дунё қабои тоҷикона ба бар намуд ва ҳамаи иштирокдорон, ки миёнашон намояндагони дигар халқу миллатҳо ҳузур доштанд, худро дар муҳити тоҷикона ва Тоҷикистон эҳсос намуданд. Чанд тан аз ҳамзабонони мо аз кишвари Афғонистон, ки инҷо иштирок доштанд, баргузории чунин ҳамоиши фарҳангӣ, таваҷҷуҳ ба ҷавонони бурунмарзӣ ва иттифоқи тоҷиконро дар ин кишвар самараи Вахдат ва меваи Истиқлоли комили Тоҷикистон унвон намуданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи майи соли 2017 бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амрико боз як ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид ва дар он шумори зиёди ҷавонон, аз ҷумла, донишҷӯёни тоҷики муқими ШМА, ҳамчунин мототсиклронҳои тоҷик, ки бо иқдоми ватандӯстонаи “Мо тоҷиконем 3 – Роҳ ба Ғарб” дар ШМА қарор доштанд, ширкат варзиданд.

Зимни ҳамоиш Фарҳод Калонов, роҳбари мототсиклронҳои тоҷик иттилоъ дод, ки мақсади асосии сафари мототсиклронҳои тоҷик ба ШМА шинос намудани мардуми Амрико бо фарҳангу маданияти тоҷикон, иқтидори сайёҳӣ, аз ҷумла, таблиғи саёҳати кӯҳӣ мебошад.

Бояд зикр намуд, ки ҳайати ин гурӯҳ, ки аз Фарҳод Калонов, Санавбар Калонова ва Мансур Остонаев иборат буд, дар давоми як моҳ зиёда аз 20 иёлати ШМА-ро бо масофаи 12000 км бо парчами Тоҷикистон тай намуданд.

Ҷамъияти фарҳангии тоҷикони Амрико дар доираи ду барномаи фарҳангӣ 6 ва 27 июни соли 2017 ҷавононро гирди ҳам овард, ки яке аз он ба таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ рост меомад. Иштирокдорон дар ҷамъомад аҳамияти таърихӣ доштани ин ҷашн ва гиромидошту ҳифзи онро ҷиҳати расидан ба ормонҳои волои миллӣ таъкид намуданд.

Моҳи ноябри соли равон ҳузури шумори зиёди ҳамватанон, аз ҷумла, ҷавонон ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амрико ҳусни зиёд бахшид. Ин маротиб ҷавонони ҳамватан бахшида ба таҷлили ҷашнҳои Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сафорат ташриф оварданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амрико Фарҳод Салим оид ба нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозӣ ва рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва инчунин эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон суханронӣ намуда, аҳамияти таърихӣ доштани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иштирокдорон иброз намуд. Андеша ва назари дигар иштирокдорон ҷараёни ҷамъомадро ҷолиб ва дониши таърихии ҷавононро афзун мекард.

Моҳи декабри соли 2017 Ҷамъияти фарҳангии тоҷикони Амрико дар ҳамкорӣ бо Сафорат барномаи солонаро бахшида ба таҷриба ва муваффақияти шаҳрвандони Тоҷикистони муқими ШМА таҳти унвони “EduGate” баргузор намуд. Боиси сарбаландии мо, ҷавонони тоҷики берун аз кишвар аст, ки Сафорати Тоҷикистон дар Амрико иқдоми ҷамъиятҳои тоҷикон ва пешниҳоди ҳар як фарди тоҷикро дар ШМА шунида, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва кумаки худро дареғ намедорад. Ин ҳолат эҳсоси он аст, ки мо, тоҷикон дар Амрико метавонем барои анҷоми ҳар як иқдом ба Сафорат умед бандем.

Ҷамъияти Тоҷикистони ШМА маҳфили тиҷоратиро таҳти унвони “Business Seminar” дар шаҳри  Ню-Йорк баргузор намуд ва ҳамватанони мо дар ин абаршаҳри дунё аз таҷриба ва донишу бозёфтҳои худ дар самти тиҷорат маълумот доданд.

Ҷиҳати дастгирии шаҳрвандон Сафири Тоҷикистон бо ҳузури худ дар ҷамъомади мазкур иштирокдоронро бо муваффақият ва дастовардҳояшон табрик намуда, таъкид намуд, ки барои ноил гардидан ба дастоварҳои бештар бо ҳам муттаҳид шуда, ҳамдигарро дастгирӣ намоянд.

Хотиррасон мекунем, бо ҳузури ҳар як нафар аз тоҷикони муқими Амрико, ки теъдоди зиёдашонро ҷавонон ташкил медиҳад ва намунаи рафтору гуфторашон баёнгари симои миллат ба ҳисоб меравад, баргузории барномаҳои мазкур ба тафаккур ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ғурури миллии ҷавонон дар ин кишвар таъсири назаррас мегузорад.

Барои дарки бештари ин мавзӯъ дар суҳбати чанд тан аз ҷавонони муқими ин кишвар нишастам ва аз онҳо пурсидам, ки соли сипаришаванда барояшон аз солҳои қаблӣ чӣ тафовут дошт?

Пайрав Боев, ки зиёда аз 5 сол мешавад дар Амрико кору зиндагӣ дорад, гуфт, баргузории чандин ҷамъомадҳои фарҳангӣ аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Амрико нигоҳи ҷавононро ба худшиносӣ равшантар кардааст.

“Дар тамоми чорабиниҳое, ки ҷавонони ҳамватан ҷамъ меомаданд, мавзӯи меҳварӣ аслан худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти милливу фарҳангу тамаддун буд. Дар муҳити дур аз Ватан ташкили чунин вохӯриҳо ҷавононро аз асолати хеш дур намесозад ва дар муттаҳидиву ифтихори ватандориашон низ нақши назаррас мегузорад. Бояд бигӯям, ки Сафорати Тоҷикистон дар Амрико ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон, яъне эълон гардидани Соли ҷавонон ба беҳтарин муваффақиятҳо ноил гардид”.

Комилҷон Давлатов хатмкунандаи яке аз коллеҷҳои Амрикост ва дар суҳбат бо мо гуфт: “Шумори тоҷиконе, ки бо аҳли хонавода ва фарзандонашон  инҷо кору зиндагӣ мекунанд, зиёд аст. Бо шарофати эълон гардидани Соли ҷавонон ва баргузории барномаҳои зиёд дар ин давлат шиносоии шаҳрвандон бо таърихи ниёгони давлатамон густариш ёфт. Шинохт аз ҷашну маросимҳое, ба монанди Наврӯз, рӯзҳои Ваҳдату Парчами миллӣ, аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунае аз ин гуфтаҳост. Ин воқеан муваффақият аст, дастовард аст, дастоварди ҷавонон”.

Муҳаммадҷон Дӯстов, як ҳамватани дигари мо муддати 7 сол мешавад, кидар Амрико кору зиндагӣ дорад. Ӯ мегӯяд,  давоми 5 соли охир шумораи зиёди ҷавонони тоҷик дар Амрико ба дастовард ва муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд ва имрӯз дар бузургтарин ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ, бонкҳо ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ фаъолият доранд. Бидуни шак, ин ҳама ба манфиати миллату Ватану кулли ҳамватанонамон аст.

“Он чи бештар барои ман дар давоми соли сипаригардида писанд омад, ин дидорбинӣ бо ҳамватанон дар чандин ҷамъомадҳои фарҳангиву фароғатӣ буд. Зеро дар ин маҳофил ҳамеша сухан аз Ватан мерафт, аз асолати миллӣ, худшиносиву хештаншиносӣ, ки барои наврасону ҷавонон манфиатовару судманд буд”.

Вақте гузориши мо таҳия мешуд, Озарафрӯз Шеров, як тан аз ҳамватанонамон бо мо тамос гирифта, ҳодисаи ҷолиберо қисса кард, ки он ҳам марбут ба ҳаёти як ҷавони тоҷики муқими Амрикост. Ӯ гуфт:

“Як тан аз дӯстонам бинобар сабаби авҷ гирифтани дарди гурдаҳояш ба таври оҷил билет хариду ба Тоҷикистон баргашт. Ба таври ғайриинтизор парвози самти Истанбул-Душанбе 9 соат ба таъхир меафтад. Дар ҳамин ҳол дар минтақаи транзитии фурудгоҳи Истанбул дардаш ба таври ваҳшатнок авҷ мегирад ва дар ҳоле, ки бо ман дар тамос шуд, аз шиддати дард мегирист ва назорати худро комилан аз даст дода буду чӣ кор карданашро низ намедонист. Ҳамин лаҳза ман ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амрико тамос гирифтам. Худи ҳамон лаҳза бо дархости Сафорат кормандони дафтари намояндагии кишварамон дар Истанбул хеле фаврӣ ба кумаки ин ҳамватанамон расиданду ба ӯ мусоидат намуданд ва баъди кумаки зарурии тиббӣ рӯзи дигар ӯро ба Душанбе фиристоданд”.

Озарафрӯз афзуд, ки ин гуна бархӯрд ва дастгириро бояд ситуду ба ин гуна худфидоӣ ҷиҳати расидагӣ ба мушкилоти ҳамватанон бояд арҷгузорӣ кард.

Ҳамин тавр, аксари ҳамватанон ва ҷавононе, ки дар фарҷоми соли ҷавонон бо мо ҳамсуҳбат буданд, аз ташаббус ва кумаку дастгириҳои дафтари Сафорати Тоҷикистон дар Амрико қаноатманду хушҳол буданд ва изҳори умедворӣ мекарданд, ки ба ҳангоми баргашташон ба Ватан дар пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат саҳмгузор хоҳанд шуд.

                                            

Абдураҳими БАҲОДУР,
шаҳри Ню-Йорк, ИМА

Декабрь 29, 2017 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид