Ёрдамчии Президенти ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонзода Раиси Шӯрои байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 15.12.2017./АМИТ «Ховар»/. Рўзҳои 11-12 декабри соли 2017 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Форуми XII олимон ва зиёиёни эҷодкор ва Шўрои байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ доир гардид.
Дар кори Форум ва Шўрои байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа А.Раҳмонзода ва ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуд.
А.Раҳмонзода иштирокчиёни Форумро аз номи ҳайати намояндагони Тоҷикистон табрик намуда, сиёсати имрўзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба рушди илм, маориф ва фарҳанг ба самъи ҳозирин расонид.
Дар нимаи дуюми рўз дар Форум мавзўи асосӣ — «Нақши ҳамкориҳои гуманитарӣ дар таҳкими анъана ва арзишҳои оиладорӣ дар кишварҳои узви ИДМ» баррасӣ гардид. Дар он ба сифати намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Раҳмонзода доир ба аҳамияти қонунҳои миллӣ, рушди оила дар кишвар, арҷгузорӣ ва эҳтиром нисбат ба оила, сиёсати Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила суханронӣ кард.
Ҳамчунин, А.Раҳмонзода дар Шўрои байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд. Дар охири ҷаласаи Шўро масъалаи интихоби Раиси Шўрои байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ муҳокима шуд. Ҳозирин пешниҳоди муовини Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ К. Жусупбековро дастгирӣ карда, ба сифати Раиси Шўрои мазкур дар соли 2018 А.Раҳмонзодаро интихоб намуданд.
Ҳамзамон Нақшаи чорабиниҳои Шўрои байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ барои соли 2018 ва пешниҳоди лоиҳаҳо барои соли 2019 муҳокима ва тасдиқ гардиданд.
Ҷаласаҳои панелии Форум масъалаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва сиёсати ҷавононро дарбар мегирифт, ки дар он намояндагони Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, суханронӣ карданд.
Ҳамчунин бо пешниҳоди А.Раҳмонзода оид ба таъсис додани университети шабакавии ИДМ ва масъалаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани китобҳои тозанашр аз Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои ИДМ изҳори назар карда шуд.
Форуми олимон ва зиёиёни эҷодкор ва Шўрои байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид.








Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд






