25 январ — Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ДУШАНБЕ, 25.01.2018. /АМИТ Ховар/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 25 январ ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷашн гирифта мешавад. Кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки асосан дар вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фаъолият доранд, бобати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ, такмилу рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нақши босазо мегузоранд. Аз ҷумла, маҳз бо заҳмату талоши кормандони соҳаи мазкур Лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён», «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» «Дар бораи ҳифзи меҳнат», «Дар бораи ҳадди ақалли зиндагӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ», «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва ғайраҳо таҳия шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ки дар тобеияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, барои таъмин гардидани аҳолӣ бо ҷойҳои кор мусоидат менамояд. Агентӣ ҳамчунин ба бекорон кумакпулӣ пардохт намуда, барои дарёфти ҷои кори муносиб ба шаҳрвандон омӯзиши касбу ҳунарҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯро ба роҳ мондааст. Бо ин мақсад аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар мамлакат ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида мешаванд, ки тавассути онҳо шаҳрвандон соҳиби ҷои кор гардида, нафарони бетахассус барои касбомӯзӣ роҳхат мегиранд.
Кормандони соҳаи меҳнат хамчунин дар робита ба пешгирию бартарафсозии қонунвайронкунӣ дар соҳаи меҳнат, ҷуброни ҳаққу ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон бевосита мусоидат менамоянд.
Ин вазифа бар дӯши сохтори дигари ин вазорат — Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вогузор гардидааст.
Хадамоти мазкур вазифаҳои назорату санҷиши давлатӣ оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, стандартҳо ва меъёрҳои бехатарии меҳнат, гузаронидани ташхиси шароити меҳнат, шуғл, муҳоҷират, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият анҷом медиҳад. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилот анҷом медиҳад.
Иттифоқҳои касаба бо мақомоти идоракунии давлатӣ назорати иҷрои чорабиниҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқҳои иҷтимоии аъзои иттифоқи касаба, муайян намудани меъёрҳои асосии сатҳи зиндагӣ, андозаи ҷубронпулиҳо вобаста ба болоравии нархҳо, муқаррар намудани ҳаҷми маблағи камтарин барои рӯзгузаронӣ ва вобаста ба индекси нархҳо сари вақт таҷдиди назар кардани музди меҳнат, мукофотпулӣ, кумакпулиҳо ва дигар масъалаҳои ба он марбутро ба уҳда доранд.
Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ба ҳамаи кормандони он муборакбод мегӯем!
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»













Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






