Ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ барои бонкҳои навтаъсис 50 миллион сомонӣ муқаррар карда шуд (Роҳандозии тадбирҳо баҳри иҷрои супоришҳои Паёми Пешвои миллат)
ДУШАНБЕ, 09.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 22 декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид, дар баробари дигар вазорату мақомоти дахлдор дар назди Бонки миллии Тоҷикистон низ як зумра вазифаҳо гузошта шуд.
Тавре аз шуъбаи матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо мақсади иҷрои саривақтии масъалаҳои дар назди Бонки миллии Тоҷикистон гузошташуда, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатӣ бо мақсади таъмини рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявӣ, ҷалби бештари сармоя ба низоми бонкӣ ба Дастурамали №176 «Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ» тағйирот ворид намуда, ҳадди ақалли сармояи оинномавиро барои бонкҳои навтаъсис 50 миллион сомонӣ муқаррар намуд.
Санади мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2018 ба қайд гирифта шуда, баъди интишори расмӣ мавриди амал қарор хоҳад гирифт.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






