АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: пагоҳ дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид ва боридани борону барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 15.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 18 январ дар ҷумҳурӣ якбора ҳаво тағйир ёфта, боридани барфу борон ва вазиши сахти бод пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар давоми ин рӯзҳо дар водиҳо борон, барфи тар ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар дошта шудааст. Ҳарорати рӯзонаи ҳаво паст гашта, ба 8-0 дараҷа баробар мешавад. Вазиши сахти шамол ба амал омада, суръати вазиши он 15-10 ва дар баъзе ҷойҳо то 20-25 метр дар як сония мерасад.
17-18 январ дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст.
Дар робита ба тағйирёбии вазъи боду ҳавои ҷумҳурӣ сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд. «Қоидаҳои ҳаракати роҳ ва суръати ҳаракатро ҳатман бояд риоя намоянд. Аз баромадан ба шикор, ҷамъоварии ҳезум ва сайру гашт дар кӯҳсор худдорӣ намоянд»,-афзуд ӯ.
Пагоҳ дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, нимаи дуюм рӯз боридани борону барф пешбинӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 1-4 дараҷа сард хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи номусоид гашта, давоми рӯз боридани барф пешгӯӣ карда мешавад. Дар ғарби вилоят ҳарорат шабона 5-10 ва рӯзона 3-2 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 13-18 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрӣ гашта, охирҳои рӯз боридани борону барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ гашта, танҳо охири рӯз борону барф меборад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Сокинони пойтахтро давоми рӯз ҳавои боронӣ интизор аст. Дар баъзе ҷойҳо боридани барф низ дар назар дошта шудааст. Ҳарорат шабона 2-4 ва рӯзона 8-10 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






