Ҳамкории самарабахш миёни Тоҷикистон ва Молдова баррасӣ гардид

Январь 31, 2018 11:14

ДУШАНБЕ, 31.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ва Ҷумҳурии Молдова Файзулло Холбобоев  дар доираи сафари кории худ ба Ҷумҳурии Молдова ҷиҳати иштирок дар мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон бо сафирони кишварҳои хориҷӣ, 30 январи соли 2018 бо Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамгироии аврупоии Ҷумҳурии Молдова хонум Татяна Молчан мулоқот баргузор намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳолат ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат дар ҷабҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фазои сармоягузорӣ, аз ҷумла, масъалаҳои баргузории ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова роҷеъ ба иқтисод, савдо, ҳамкории илмӣ-техникӣ, ки моҳи феврали соли 2018 дар Кишинёв дар назар аст, инчунин як зумра  маъалаҳои дигари рушди ҳамкории дуҷониба мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо зарурати идома ва густариши ҳамкории самарабахш миёни Тоҷикистон ва Молдоваро дар сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд.

 

Январь 31, 2018 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд