Қариб 4000 нафар шаҳрвандони бекор дар Суғд тавассути ярмаркаи ҷойи кор ба шуғл ҷалб гардиданд
ХУҶАНД, 06.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади бо ҷои кор таъмин намудани корҷӯён, шахсони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, дар вилояти Суғд давоми соли гузашта 242 ярмаркаи ҷойҳои корӣ гузаронида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, зимни баргузории ин ярмаркаҳо аз ҷониби 3 ҳазору 467 корхонаю ташкилоти ширкаткунанда 35 ҳазору 837 ҷойи кор пешниҳод гардида, тавассути он 3 849 нафар, аз ҷумла, 1 547 нафар корҷӯй бо кори доимӣ таъмин гашта, 1 960 нафар ба касбомўзӣ ва 342 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардиданд.
Дар маҷмӯъ, давоми соли 2017 дар вилояти Суғд дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 12 ҳазору 503 нафар шаҳрванд бо шуғли асосии доимӣ таъмин карда шуданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






