Аскар Нурализода ба муҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум гардид

Январь 23, 2018 09:46

ДУШАНБЕ, 23.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ҳукми Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе собиқ муовини сардори Сарраёсат-сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатӣ-сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскар Нурализода бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои «а», «в», «г»-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор  дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 сол бо адо намудани ҷазо дар муассисаи ислоҳии дорои низоми пурзӯр бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба муҳлати 5 сол таъйин гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, номбурда барои он айбдор дониста шудааст, ки ӯ дар вазифаи муовини сардори Сарраёсат, сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатӣ- сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, барои дохил намудани лоиҳаи сохтмони гармхона дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ба «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2016-2020» аз шаҳрванд Д. Олимов моҳи январи соли 2015 ба маблағи 4000 доллари ИМА ва 5107 сомонӣ, аз шаҳрванд Ш. Сангинов моҳи июни соли 2017 барои дохил намудани лоиҳаи бунёди боғ ба маблағи 20.000 сомонӣ гирифтааст.

Ғайр аз ин, ӯ кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, барои дохил намудани лоиҳаи  ташкил ва рушди соҳаи мурғпарварӣ дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ ба «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2016-2020» аз шаҳрванд Н. Абдураҳимов дар давоми солҳои 2014-2017 дар якчанд ҳолат маблағи 513.000 доллари ИМА ва 32000 сомонӣ гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки 28 сентябри соли 2017 Аскар Нурализода ҳангоми аз шаҳрванд Н. Абдураҳимов гирифтани  маблағи  490.000 доллари ИМА дар назди тарабхонаи «Афсона», воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ аз ҷониби кормандони  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир гардида, маблағи 490.000 доллари ИМА аз ӯ дарёфт карда, гирифта шуд.

 

Январь 23, 2018 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид