Ҷасорату ҷавонмардӣ омӯзем! Вазорати корҳои дохилӣ ду нафар ҷавонро барои наҷоти ҳаёти як ҷавонзан қадрдонӣ намуд

Январь 19, 2018 10:52

ДУШАНБЕ, 19.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо мақсади қадршиносии корнамоии ду нафар ҷавонон- Абдулло Қодиров, соли тавалудаш 1991 ва Ҳабибуллои Абдураҳмон, соли таваллудаш 2000, сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки бо нишон додани сифатҳои баланди инсонӣ, аз қабили далерию ҷасурӣ ва ҷавонмардӣ ҳаёти як нафар ҷавонзани 19-соларо аз марг наҷот доданд, ҷаласаи тантанавӣ баргузор намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки 16 январи соли равон, тахминан соатҳои 11:30, ҷавонзани 19- сола, сокини шаҳри Душанбе аз болои пули назди Корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе бо мақсади худкушӣ худро ба дарёи Душанбе сарозер кардааст. Ин ҷавонзан аз ҷониби ду нафар шаҳрвандон- Абдулло Қодиров ва Ҳабибуллои Абдураҳмон наҷот дода шудааст.

Дар ҷамъомади тантанавие, ки дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади қадршиносии корнамоии ду нафар наҷотдиҳандагон баргузор гардид, роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Зимни ҷамъомад сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода аз сифатҳои ҷавонмардонаи ду нафар сокинони шаҳр, ки чунин як ҳодисаи нохушро пешгирӣ карданд, изҳори миннатдорӣ намуд. Мавсуф гуфт, ки «мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо таҳия ва амалинамоии барнома ва корҳои пешгирикунандаи махсус мехоҳад пеши роҳи худкушӣ дар шаҳр гирифта шуда, барномаи тарзи ҳаёти солим миёни наврасону ҷавонон муаррифӣ гардад».

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ сардори РВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода Абдулло Қодиров ва Ҳабибуллои Абдураҳмонро барои нишон додани ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва масъулиятшиносӣ бо «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ — соати дастӣ қадршиносӣ намуд.

 

Январь 19, 2018 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа