“Авроқун мутафарриқа” (“Парокандабаргҳо”) сеюмин китоб аз Тоҷикистон аст, ки дар Қоҳира ба табъ мерасад

Январь 2, 2018 15:07

ДУШАНБЕ, 02.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Китоби шоир ва тарҷумони арабизабони тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, собиқ Сафири Тоҷикистон дар Мисри Араб  Назруллоҳи Назар бо номи “Авроқун мутафарриқа” (“Парокандабаргҳо”) дар нашриёти “Шамс”-и Қоҳира ба табъ расид, ки муаллиф онро ба хотираи устоди забони арабии худ Ҳасан ан-Наққош бахшидааст.

Ба нақли Назруллоҳи Назар, боби аввали китоб як силсила шеърҳои муаллифро дар бар мегирад, ки ба забони арабӣ дар васфи диёру ҳамдиёрон эҷод шудаанд.

Дар боби дуюм намунаҳо аз ашъори шоирони намоёни тоҷик Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Қутбӣ Киром, Низом Қосим,  Аскар Ҳаким, Гулназар, Гулрухсор, Фарзона, Мавҷуда, Ҳадиса, Меҳринисо, Зулфия, Камол Насрулло, Доро Наҷот, Раҳмат Назрӣ ва дигарон, ҳамчунин намунаи ашъори шоирони кишварҳои бародар – Расул Ғамзатов (Доғистони Россия), Максим Танк (Беларус), Зулфия (Ӯзбекистон) ва Ата Атаҷонов (Туркманистон), ки тайи солҳои гуногун дар матбуоти араб дар тарҷумаи Назруллоҳи Назар нашр шудаанд, гирдоварӣ гардидаанд.

Боби дигари китоб шеърҳои шоирони арабро, аз қабили Муҳаммад Солеҳ Баҳрулулум (Ироқ), Муин Бсису (Фаластин) ва Ҳасан Иброҳим ан-Наққош (Ироқ) дар бар мегирад, ки дар васфи Тоҷикистон гуфта шудаанд.

Китобро тарҷумаи арабии Суруди миллии Тоҷикистон (матни Гулназар) ва шеъри Низом Қосим  “Пешвои миллат”, ки дар ситоиши корномаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суруда шудааст, зиннат медиҳанд.

Шоистаи ёдоварист, ки дар тарҷумаи ин таблиғгари адабиёти тоҷик ҳанӯз соли 1998 маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи Мирсаид Миршакар “Басмату-л-бароъим” (“Табассуми ғунчаҳо”) дар Душанбе, асарҳои саҳнавии Сотим Улуғзода, Меҳмон Бахтӣ ва Ҷумъа Қуддус соли 2002 дар Димишқ ва ашъори ду шоири шинохтаи тоҷик Гулрухсор ва Гулназар соли 2006 дар Кувайт бо номи “Вардатун фи-л-хадди ва ухро фи-н-назар” (“Гули рухсор ва гули назар”) чоп шуда, манзури хонандаи араб гардида буданд.

Бояд зикр намуд, ки “Авроқун мутафарриқа” сеюмин китоб аз Тоҷикистон аст, ки дар Қоҳира ба табъ мерасад. Қаблан  он ҷо китоби “Тоҷикистон: дипломатияи об” ва китоби чорҷилдаи Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” пурра ба забони арабӣ нашр шуда буданд.

 

 

Январь 2, 2018 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд