Аз қочоқчиён зиёда аз 1 740 кг маводи нашъадор мусодира гардид
ДУШАНБЕ, 12.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2017 аз тарафи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти қудратии ҷумҳурӣ аз қочоқчиён ба миқдори 1 740 кг 335 гр маводи нашъадор, аз ҷумла, 27 кг 267 гр героин, 455 кг 629 гр афюн, 865 кг 711 гр ҳашиш, 386 кг 820 гр бангдона (канабис), 4 кг 908 гр метамфитамин дарёфт ва мусодира гардид.
Тавре сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба АМИТ “Ховар” хабар дод, дар давраи сипаришуда аз тарафи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумита 577 ҳазору 507 бех ниҳоли банги ҳиндӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин амалиёт 25 адад яроқҳои оташфишони тамғаҳои гуногун, 605 дона тирҳои қутрашон гуногун, 9 дона норинҷакҳои дастӣ, 40 адад лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






