Аз қочоқчиён зиёда аз 1 740 кг маводи нашъадор мусодира гардид

Январь 12, 2018 09:05

ДУШАНБЕ, 12.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2017 аз тарафи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти қудратии ҷумҳурӣ аз қочоқчиён ба миқдори 1 740 кг 335 гр маводи нашъадор, аз ҷумла,  27 кг 267 гр  героин,  455 кг 629 гр афюн, 865 кг 711 гр ҳашиш, 386 кг 820 гр бангдона (канабис), 4 кг 908 гр метамфитамин дарёфт ва мусодира гардид.

Тавре сардори маркази матбуоти  Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба АМИТ “Ховар” хабар дод, дар давраи сипаришуда аз тарафи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумита  577 ҳазору 507 бех ниҳоли банги ҳиндӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин амалиёт 25 адад яроқҳои оташфишони тамғаҳои гуногун, 605 дона тирҳои қутрашон гуногун, 9 дона норинҷакҳои дастӣ, 40 адад лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд.

Январь 12, 2018 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Олимони тоҷик ва хориҷӣ дар пиряхи Ванҷях корҳои таҳқиқотӣ мегузаронанд
Дар ноҳияи Лахш бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод