АЗ ПАИ ЭРОДҲО. Дар партави Паёми Пешвои миллат мутахассисони соҳаи фарҳанг ва санъат омода карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 16.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки норасоии кадрҳои баландихтисоси соҳаро таъкид намуда, барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2029» вазифа гузоштанд, барои амалӣ гардонидани як зумра тадбирҳо нақшаи чорабиниҳои мушаххас тартиб додааст. Аз ҷумла, ба масъалаи омодасозии кадрҳои соҳаи фарҳанг дар хориҷи мамлакат, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузории онҳо ба муқаддасоти миллӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.
Имрӯзҳо ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои Тоҷикистон ниҳоят заруранд. Кадрҳои ояндаи балети Тоҷикистон Некрӯз Тағойбеков, Зиёда Раҳматова, Фирӯз Ҷалилов ва Ситора Толибова соли чорум аст, ки дар Омӯзишгоҳи хореографии шаҳри Перм таҳсил намуда, дар баробари таълими барномаи мактабӣ нозукиҳои санъати балетро меомӯзанд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода кадрҳои ояндаи балет — таълимгирандагони омӯзишгоҳи хореографии шаҳри Пермро, ки тибқи квотаи байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар ин омӯзишгоҳ таҳсил доранд, ба ҳузур пазируфт.
Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ оид ба таҳсил ва шароити зиндагии таълимгирандагон иброз намуд, ки онҳо бояд ҳисси баланди миллию фарҳангӣ дошта, бо Ватан, миллат, забон ва ниёгони хеш ҳамеша ифтихор намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






