АЗ ПАИ ЭРОДҲО. Норасоии кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг бартараф карда мешавад

Январь 4, 2018 16:03

ДУШАНБЕ, 4.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри XXI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд.

Дар ин марҳалаи муҳим мақсаду вазифаҳои фарҳанг бештар ба масъалаҳои ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин дар тафаккури мардум ва махсусан наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ равона мегардад.

Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки баҳри тайёр кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг ду муассисаи таҳсилоти олии касбӣ – Консерваторияи миллӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн таъсис дода, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода пурра аз таъмири асосӣ бароварда, оркестри мукаммали симфонӣ иборат аз 120 нафар ташкил карда шуд.

Инчунин дар хориҷи кишвар садҳо нафар мутахассисони соҳаи фарҳанг тарбия ёфта, иддае аз онҳо аллакай дар театрҳои касбӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ фаъолият доранд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам нарасидани кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ Сарвари давлат Вазорати фарҳангро вазифадор намуданд, ки дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2022» мушкилоти ҷойдоштаро бартараф намояд.

Дар робита ба ин масъала хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ, фароғатӣ  ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода суҳбат  орост.

Ба гуфтаи Қурбон Ғуломзода, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш нисбат ба соҳаи фарҳанг, инчунин камбудиҳое, ки дар ин соҳа мавҷуданд, сухан гуфтанд ва ҷиҳати ислоҳи ин камбудиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. «Дар робита ба ин супоришҳо Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ нақшаи чорабиниҳоро таҳия намудааст ва тибқи ин нақша дар вазорат бояд корҳои зиёдеро ба анҷом расонанд. Аз ҷумла, охири моҳи декабри соли сипаригардида масъулини Вазорати фарҳанг бо мудирони Раёсат, бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муасисаҳои ҷумҳуриявии вилояти Хатлон мулоқот доир намуда, оид ба масъалаҳои  дар Паём зикргардида, мушкилоту норасоиҳои соҳаи фарҳанг ва роҳҳои бартараф намудани онҳо, инчунин баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳаи фарҳанг суҳбат намуданд»,-баён дошт мавсуф.

Бино ба гуфтаи  ҳамсуҳбати мо, зимни мулоқоти мазкур сарварони  бахшҳои фарҳанг муваззаф гардиданд, ки дар масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳо  ва тайёр кардани мутахассисони соҳа  тадбирҳои зарурӣ андешанд.

«Бо ин мақсад дар тамоми муассисаҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо озмунҳо, семинару тренинг ва конференсияҳои илмӣ-назариявӣ гузаронида мешаванд, то сатҳи тахассусии кормандони соҳа ба талаботи рӯз ҷавобгӯ гардад»,-иброз намуд Қурбон Ғуломзода.

Зарангези ЛАТИФ

Январь 4, 2018 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд