Ба Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Кӯлоб таҷҳизоти тиббӣ ворид гардид
КӮЛОБ, 10.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Кӯлоб якчанд адад дастгоҳу таҷҳизоти тиббии ҳозиразамон, аз қабили дастгоҳи нафаскашии сунъӣ, кардиомонитор коагулятор, дефибриллятор ва дигар таҷҳизоти ташхисиву табобатӣ ба маблағи 183 ҳазор сомонӣ ворид гардиданд.
Тибқи иттилои директори марказ Ниёзмад Шомадов, таҷҳизоти воридгардида барои дар сатҳи баланд хизмат расонидан ба беморон истифода гардида, кори табибонро осон мекунанд. Ин таҷҳизот асосан барои аз ташхис гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ истифода бурда мешаванд.
Ба гуфтаи Ниёзмад Шомадов, дар марказ дар маҷмӯъ зиёда аз 30 адад таҷҳизоти тиббӣ мавҷуданд, ки барои беморон хизмат мерасонанд.










Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






