Ба муассисаҳои тиббии вилояти Суғд 30 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим карда шуд
ДУШАНБЕ, 12.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба шуъбаву стансияҳои ёрии таъҷилии тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 30 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ дастрас карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.
Дар маросими супоридани нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки «дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат арзёбӣ шуд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои марбут ба тандурустии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир менамояд».
Раиси вилоят афзуд, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва расонидани кумаки аввалини тиббӣ ба сокинон тасмим гирифта шуд, ки барои муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ дастрас карда шавад. Кормандони соҳаи тиб бояд бо истифодаи ин нақлиёт сари вақт ниёзмандонро ба беморхонаҳо расонанд. Инчунин изҳори умед карда шуд, ки теъдоди фавт ва таваллуди занон дар хона минбаъд коҳиш меёбад.
Зикр шуд, ки давоми солҳои 2016-2017 бо дастгирии роҳбарияти вилоят ба муассисаҳои тиббӣ 25 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ дастрас гардида буд ва ҳоло дар муассисаҳои тиббӣ 109 адад нақлиёт мавҷуд аст.
Бо назардошти муҳимияти ҳифзи саломатии мардум бо қарори Раиси вилояти Суғд 1,4 миллион сомонӣ маблағ ҷудо ва 30 адад мошини тамғаи «Хундай Старекс» харида шуд. Нақлиёт тавассути ҶДММ «Ситора 555», ки дар тендер ғолиб омад, ворид карда шуда, давоми ду сол ройгон таъмир карда мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






