«Барги андеша»-дарси хотирмоне барои наврасону ҷавонон
ДУШАНБЕ, 09.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Истеъдод» китоби нави рӯзноманигори маъруф ва қаламкаши ҷӯянда Ҳотами Ҳомидро таҳти унвони «Барги андеша» ба нашр расонид. Ин маҷмӯаи чоруми Ҳотами Ҳомид мебошад.
Дар китоб роҷеъ ба фаъолияти эҷодии адибону санъаткорони маъруф, ки дар рушди адабу санъати тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд, дар жанри гузоришу мусоҳиба маводи хеле ҷолиби диққат пешкаши хонанда гардидааст.
Мутолиаи китоб ҳамзамон барои он муфид аст, ки коргоҳи эҷодии эҷодкоронро бозгӯӣ намуда, барои наврасону ҷавонон дарси хотирмон мегардад. Мусоҳибаҳои Ҳотами Ҳомид бо адибони маъруф Кароматуллоҳи Мирзо, Сайидалӣ Маъмур, Саттор Турсун, Муҳиддин Хоҷазод, санъаткорон Ҷӯрабек Муродов, Убайдулло Раҷабов, шодравон Зафар Нозимов ва дигарон шавқовару хеле хонданбобанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






