Барои рушди соҳаи моҳипарварӣ ба «Баҳри тоҷик» зиёда аз 1 млн дона моҳичаҳо сар дода шуданд

Январь 9, 2018 16:16

ХУҶАНД, 09.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми соли 2017 дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Суғд сайди моҳӣ 285,2 тоннаро ташкил намуд, ки он ба 6103,3 ҳазор сомонӣ баробар аст. Яъне, истеҳсоли моҳӣ нисбат ба соли 2016 0,8 фоиз афзудааст.

Ба иттилои масъулини Сарраёсати идораи кишоварзии вилоят, дар ин давра хосатан истеҳсоли моҳиҳои намуди пешонағафси сафед 9,1 фоиз, намуди зағорамоҳӣ 13,7 фоиз, намуди амури сафед 16,9 фоиз, намуди суфмоҳӣ 8,3 фоиз ва дигар намудҳо 52,0 фоизро ташкил дод.

Яке аз хоҷагиҳое, ки дар самти афзоиши моҳӣ ва рушди ин соҳа саҳми назаррас дорад, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Моҳипарвари Гулистон»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», ҶСК «Моҳипарвари Гулистон» чун ҶСК «Моҳии тоҷик»-и ноҳияи Б.Ғафуров ва ҶСК «Моҳипарварӣ»-и шаҳри Панҷакент аз муассисаҳои калонтарини моҳипарварӣ дар миқёси мамлакат ба ҳисоб меравад. Он тибқи нақша дар асоси шартномаи ҳамкорӣ бо ҶС «Моҳии тоҷик» , ки яке аз хоҷагиҳои калонтарини моҳипарварии ҷумҳурист, дар тобеияти Вазорати кишоварзӣ қарор дошта, чун хоҷагии зотпарварӣ-моҳипарварӣ дар он номгӯи зиёди моҳиҳо парвариш мешаванд.

Танҳо давоми соли 2017 дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар самти афзун намудани захира ва навъҳои гуногуни моҳӣ, дар доираи маъракаи такрористеҳсолкунии захираҳои моҳӣ дар ду марҳила аз ҳавзҳои ҶС «Моҳии тоҷик» ба обанбори «Баҳри тоҷик», ки ҳоло дар он моҳиҳои пешонағафси сафед, зағорамоҳӣ, суфмоҳӣ, амури сафед ва сиёҳ, пешонағафси аъло, гулмоҳӣ, зармоҳӣ ва мормоҳӣ парвариш меёбанд, зиёда аз 1 млн дона моҳичаҳо, аз қабили навъҳои капур, амури сафед ва пешонапаҳн сар дода шуданд.

Ба андешаи мутахассисони соҳа, дар ҷумҳурӣ соҳаи мазкур дар даврони соҳибистиқлолӣ рӯ ба рушд ниҳода, дар ин замина солона имкони истеҳсоли то 5 ҳазор тонна гӯшти моҳӣ мавҷуд мебошад. Ин нишондиҳанда метавонад барои таъмини амнияти озуқаворӣ, хосатан ин намуди гӯшти парҳезӣ мусоидат намояд.

Январь 9, 2018 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд