Боздиди ҳайати кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия аз Шаҳраки саноатӣ дар Анқара
Душанбе, 20.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. 18 январи соли 2018 ҳайати кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ба мақсади шиносоӣ ва омузиши таҷрибаи фаъолияти шаҳракҳои саноатӣ дар кишвари иқомат аз Шаҳраки саноатии “Иведик”-и шаҳри Анқара боздид намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни боздид мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия М.Раҷабиён бо Раиси ин Шаҳраки саноатӣ Ҳасан Гӯлтекин баргузор гардид. Дар раванди мулоқот дар баробари дарёфти маълумоти фарогир оид ба таҷрибаи Шаҳрак, ҳамзамон дар робита ба имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни Шаҳраки саноатӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштарак табодули афкор сурат гирифт.
Ҳарду ҷониб дар ин замина сафари ҳайатҳои соҳибкорони ду кишварро ба мақсади шиносоӣ бо фаъолияти ҳамдигар, баррасии имконияти ҳамкориҳо, омузиши таҷрибаи пешқадам, таъсиси корхонаҳои муштарак, ворид намудани технологияи нав ва афзоиши гардиши мол муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳайати Сафорат ҳамзамон бо фаъолияти корхонаҳои алоҳидаи соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, коркарди алюминий шинос шуданд. Шаҳраки саноатии “Иведик”калонтарин шаҳраки саноатии шаҳри Анқара мебошад, ки иқтидори солонаи иқтеҳсолии он ба 6 млрд доллари ИМА баробар аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






