Боздиди Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов аз Маҷмааи «Кохи Наврўз»

Январь 10, 2018 17:36

ДУШАНБЕ, 10.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдулло Орипов дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Душанбе аз Маҷмааи «Кохи Наврўз» дидан кард. Дар тамошои «Кохи Наврўз» Абдулло Ориповро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни боздид аз «Кохи Наврўз» Абдулло Орипов ба тарҳи бино ва ороиши он бо истифода аз нақшу нигори миллӣ ва ҳунару маҳорати баланди кандакории мардуми тоҷик баҳои баланд дод.

Кандакориҳо дар чӯб, мусаввараҳо, қандилҳои зебову диққатҷалбкунанда ва дигар шоҳкориҳои меъморӣ, ки таърих, урфу одат, расму оин ва маданияту фарҳанги волои миллати тамаддунофари тоҷикро ифода мекунанд, диққати меҳмононро ба худ ҷалб намуд.

Дар толори «Дидор» ба Сарвазири Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдулло Орипов доир ба кандакории миллӣ дар чӯб, наққошӣ ва муҷассамаҳои сангӣ, ки барои миллати тоҷик аз гузашта чун мероси аҷдодӣ боқӣ мондааст, маълумоти муфассал дода шуд.

Дар ин толор диққати меҳмонон ба шоҳкории устоҳои чирадасти тоҷик, ки бо истифода аз сангҳои қиматбаҳо ва ҳаккокӣ намудани ҳаёту рўзгор, расму оин ва дигар анъанаҳои қадимии мардуми тоҷик дар сангу чӯб ҷалб гардид.

Дар толори «Аржанг» ба меҳмонон маълумот дода шуд, ки сангҳои ороишии он аз манотиқи гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуда, истифода гардидаанд.  Лоҷувард, оникс, яшми сабз, мармари сафеду сурх ва дигар сангҳо дар ин ҷо  моҳиронаву устокорона ба ҳам омада, композитсияи бадеиро ташкил додаанд. Тавре гуфта шуд, барои ороиши толори «Аржанг» 29 намуд сангҳои ороишӣ истифода шудаанд.

Ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдулло Орипов аз толорҳои «Зарандуд» ва «Гулистон»-и «Кохи Наврўз» дидан намуд. Сутуну дарҳои зебо ва дигар мӯъҷизаҳои толори «Гулистон», ки аз ҷониби устоҳои тоҷик кандакорӣ шудаанд, ҷозибаи махсус дошта, ба ҳар бинанда рўҳу илҳоми тоза мебахшанд.

Сақф ва  сутунҳои ин толор аз чӯбҳои кандакоришуда иборатанд. Дар деворҳои толори «Аржанг» намунаи нигораҳо аз  асарҳои Камолиддини Беҳзод, Умари Хайём ва «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ҳаккокӣ шудаанд.

Дохили толори бузурги  «Зарандуд», ки баландиаш то маркази гумбаз 36 метр аст, муҷаллост ва ранги сафед дорад. Ин толор бо санъати оинабандӣ дар омехтагӣ бо гаҷкорӣ ороиш дода шудааст. Ба Сарвазири Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдулло Орипов иттилоъ дода шуд, ки Маҷмааи «Кохи Наврўз» дар масоҳати 40 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, он аз 15 толор иборат аст. Дар бунёди кохи мазкур асосан корҳо дастӣ иҷро шудаанд.

Дар маҷмӯъ, меҳмонон аз Ҷумҳурии Ўзбекистон ба услуби меъмории сохтмони «Кохи Наврўз», ки таҷассумгари тамоми паҳлуҳои фарҳанги миллии мардуми тоҷик мебошад ва шоҳкории беназири ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, баҳои баланд доданд.

 

Январь 10, 2018 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
«ФАРЗАНД — ИДОМАДИҲАНДАИ ОИЛА». Дар ноҳияи Данғара таҳти ин унвон иқдоми маърифатӣ гузаронида шуд
Ғолибони озмуни «Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ муайян гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
САВГАНДИ САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН! Дар шаҳри Бӯстон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид
КИРМАКПАРВАРӢ. Имсол ба ҷамоатҳои шаҳри Истаравшан 200 қуттӣ кирмак тақсим карда шуд
Барои муштариёни Суғду Хатлон – тарофаҳои дорои интернети бештар
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Оила-рамзи муҳаббат, вафо ва ҳамдигарфаҳмӣ» ҳамоиш доир гардид
Ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд