БОЗГӮИ ФАЪОЛИЯТ: дар ноҳияи Фирдавсӣ 22 майдончаи варзишӣ ва 9 адад гулгашт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд

Январь 25, 2018 16:10

ДУШАНБЕ, 25.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Фирдавсии  шаҳри Душанбе доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти  иҷтимоию иқтисодии  соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2017  нишасти матбуотӣ доир  шуд.

Раиси ноҳияи Фирдавсӣ  Ҷамшед Табарзода зимни пешниҳоди ҳисобот  бурду бохти   ноҳияро  дар соли 2017 шарҳу тавзеҳ дода,   аз ҷумла,  зикр кард, ки соли 2017  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ корҳои ободониро вусъат бахшида, намои биноҳоро дар масоҳати 26 ҳазору 227 метри мураббаъ рангу бор,  масоҳати 3 ҳазору 620 метри мураббаъро  майсазор  ва  масоҳати 1 ҳазору 697 метри  мураббаъ тахтасангҳои  канори роҳҳоро барқарор намуд.

 

«Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия   22 адад майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона, 9 адад гулгашт  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд», — афзуд раиси ноҳия.

Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин  зикр гардид, ки  рӯзномаи «Фурӯғи Фирдавсӣ»  моҳе як маротиба нашр мегардад, ки тавассути он аҳолӣ  аз хабару рӯйдодҳои нав ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия  воқиф мегарданд.

Нишасти хабарӣ бо  суолу ҷавоб  байни раиси ноҳия ва намояндагони  ВАО анҷом ёфт.

 

Январь 25, 2018 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид