Дар баъзе хоҷагиҳои вилояти Суғд ҳанӯз ҳам заминҳо аз ғӯзапоя тоза карда нашуда, ақибмонии шудгор ба назар мерасад

Январь 18, 2018 15:21

ХУҶАНД, 18.01.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Баҳри иҷрои саривақтии супоришҳои Сарвари давлат дар самти андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба омодагӣ ба мавсими нави киштукор ва ҳамзамон шиносоӣ бо ҷараёни тайёрӣ ба киштукори баҳорӣ, иҷрокунандаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дирӯз аз чанд хоҷагии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуд.

Тибқи амри роҳбари вилоят вобаста ба ташкилу назорати яхобмонӣ ва шӯршӯӣ дар ноҳияҳои вилоят ситоди доимӣ таъсис дода шудааст. Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», раиси вилоят аз фаъолияти чор хоҷагӣ дидан намуд. Аз ҷумла, агар тарзи корбарӣ ва ҷараёни корҳои омодасозӣ ба кишти баҳорӣ дар хоҷагиҳои Ҷаббор Расулов ва Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳия  қаноатбахш бошад, корҳо дар хоҷагиҳои Пӯлод Бобокалонов ва Раҳмон Набиев хеле нигаронкунанда буданд.

Дар хоҷагии ба номи Раҳмон Набиев вазъи бошишгоҳи тракторӣ ба беҳбудӣ ниёз дошт, зеро дар шароити кунунӣ бе мавҷудияти техникаи замонавӣ пеш бурдани соҳаи кишоварзӣ душвор аст. Шиносоӣ бо хоҷагии Пӯлод Бобокалонови Ҷамоати деҳоти Ғозиён нишон дод, ки на дар ҳамаи хоҷагиҳои ноҳия нисбат ба масъалаи истифодаи оқилонаи замин муносибати ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Мисоли равшан он аст, ки ҳанӯз ҳам заминҳои хоҷагӣ аз ғӯзапоя тоза карда нашуда, ақибмонии шудгор ба назар мерасад. Илова бар ин, ҳолати тозагии ҷӯйборҳо ва тартиби дарахтон ба талаботи меъёрҳои экологӣ ҷавобгӯ набуда, ҷараёни тайёрӣ ба мавсими кишт аз ҷониби раиси вилоят ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва масъулини соҳа эроди ҷиддӣ гирифта, ба  роҳбарияти ноҳия, кумитаи замин, раёсати кишоварзӣ,  шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва раиси ҷамоат супориш дод, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар самти оқилонаю самаранок истифода бурдани замин, тоза кардани он аз ғӯзапоя, вусъат бахшидан ба  маъракаи шудгор ва яхобмонию шӯршӯӣ,  тоза кардани ҷӯйборҳо ва ба тартиб даровардани дарахтон дар муҳлати 10 рӯз бартараф намоянд.  Инчунин масъулини идораи ҳифзи муҳити зисти вилоят дар якҷоягӣ бо идораи замини вилоят вазифадор гардиданд, ки чиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои обӣ санҷиш гузаронида, нисбат ба хоҷагидорони бемасъулият тадбир андешанд.

Роҳбари вилоят ҳамчунин аз вазъи обрасонии ноҳия, дар мисоли канал ва пойгоҳи обкашии Хоҷабоқирғон, ки аз се иншоот иборат буда, 24 дастгоҳ дорад ва ҳоло 14 адади он  аз таъмир бароварда шудаанд, дидан намуд.

Бо назардошти ба миён омадани зарурати яхобмонӣ тибқи супориши Сарвари давлат, раиси вилоят ба мутасаддиёни ноҳия дастур дод, ки омодасозии  пойгоҳҳоро ба зудӣ анҷом дода, дар ин замина ҷиҳати дарёфти қисмҳои эҳтиётӣ, таъмиру  рангубори иншоот, риояи қоидаҳои бехатарӣ ва фаъолияти бонизоми онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамзамон ба масъулини Ассотсиатсияи илмию истеҳсолии ба номи Раҳмон Набиеви ноҳия дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони соҳа ҷиҳати дарёфти навъҳои наву ҳосилдеҳи тухмиҳо тадбир андешанд.

Январь 18, 2018 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид