Дар Душанбе ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардиданд

Январь 10, 2018 23:30

ДУШАНБЕ, 11.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. 10 январ дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон  оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади байнидавлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Кори ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ  таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва  Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Абдулло Орипов  ҷараён гирифт.

Дар ҷараёни гуфтугӯҳои судманди байниҳукуматӣ таваҷҷуҳи зиёд ба масъалаи рушду тавсеаи бештари ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар заминаи дӯстию ҳамсоягии нек зоҳир карда шуд.

Вохӯриҳои дуҷониба дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳуми комил баргузор шуданд.

Дар кори ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ масоили муҳими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла, масъалаҳои вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёт, саноат, фарҳанг ва маориф мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаи омодасозии шароити сафари давлатии дар пешистодаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуд.

Ҳамчунин дар кори ин ҷаласаҳо  нақшаи  тадбирҳои муштараки дуҷониба доир ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади байнидавлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  ва тадбирҳои вобаста ба рафтуомади шаҳрвандони ду давлат ба қаламрави ҳамдигар, инчунин  ҳалли масъалаҳои марбут ба онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо самтҳои муҳими ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодиву тиҷоратӣ, амалисозии лоиҳаҳои муштараки дорои хусусияти минтақавӣ ва тақвияти муносибатҳои фарҳангиро барои оянда мавриди баррасӣ қарор доданд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки натиҷаи гуфтушунидҳои баргузоргардида омили муҳими тақвияти ҳамкории гуногунҷанбаи дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегардад.

Дар анҷоми кори ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ санадҳои дахлдор  ба имзо расиданд.

Хотиррасон мешавем, ки Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Абдулло Орипов  субҳи 10 январ бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар доираи ин сафар меҳмони олиқадрро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, доир ба масоили муҳими ҳамкории дуҷонибаи байнидавлатӣ табодули афкор намуданд.

Январь 10, 2018 23:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард