Дар Душанбе барои тренерони сатҳи миллӣ семинари омӯзишӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 8.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 9 январи соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ барои тренерони сатҳи миллӣ баргузор мегардад.
Семинари мазкур бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи «Дастгирии таҳсилоти босифат» аз 9 то 13 январи соли равон гузаронида мешавад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷкистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, семинар дар асоси маводи таҳияшуда (Модули омӯзишӣ оид ба татбиқи муносибати салоҳиятнокӣ дар таълими фанҳои табиӣ ва технологияи информатсионӣ) доир гардида, дар натиҷаи омӯзиш зиёда аз 30 нафар ҳамчун тренер барои омӯзонидани 250 нафар мутахассис ба ҳайси тренерони сатҳи миллӣ омода мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, дар семинари панҷрӯза мафҳуми салоҳият ва салоҳиятнокӣ дар соҳаи маориф, асосҳои назариявии методҳои таҳқиқотӣ оид ба ташаккули салоҳиятҳои асосии хонандагон, асосҳои назариявии арзёбии ташаккулдиҳанда, ки ба рушди салоҳиятҳои хонандагон мусоидат менамоянд, махсусияти пурсиши шифоҳӣ ҳамчун усули ташаккулдиҳандаи салоҳиятҳои асосии хонандагон, методологияи банақшагирии дарс дар асоси муносибати салоҳиятнокӣ ва амсоли инҳо мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






