Дар Душанбе бо мақсади мусоидат ба иҷрои қонуни танзим 1086 комиссияи ҷамъиятӣ дар ҳамоҳангӣ бо 5 комиссияи доимӣ фаъолият доранд

Январь 2, 2018 12:11

ДУШАНБЕ, 02.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади татбиқ ва тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пеш аз ҳама, корҳои фаҳмондадиҳиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, дар ин самт соли 2017
мақомоти мазкур таҳти унвонҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»: дастовард ва дурнамои он дар шаҳри Душанбе» (14.06.17) ва «Рисолати танзим-ислоҳоти маънавӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ» ( 09.11.17) ду конфронси илмӣ-амалӣ доир намуд.
Дар ҳамоишҳо намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, сиёсатмадорону олимон ва коршиносону пажӯҳишгарон оид ба дастовардҳо ва дурнамои қонуни мазкур маърӯзаҳои илмӣ намуда, оид ба аҳамияти ин қонуни миллӣ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардум мубодилаи афкор намуданд. Иштирокдорони ҳамоишҳо изҳор доштанд, ки бо татбиқи қонуни мазкур сокинони мамлакат имкон пайдо намуданд, ки ба беҳтар кардани шароити зист, бунёди манзилҳои истиқоматӣ, ободу зебо намудани хонаву кошона ва муҳимтар аз ҳама, ба тарбияи фарзандони худ диққати бештар диҳанд ва тағйиру иловаҳои воридшударо ба қонуни мазкур аз 28 августи соли 2017 дар ҳаёти иҷтимоии мардум ислоҳоти маънавӣ арзёбӣ намуданд.
Тибқи иттилои мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуалим Норасов, дар пойтахт 1086 комиссияи ҷамъиятӣ дар ҳамоҳангӣ бо 5 комиссияи доимӣ фаъолият доранд, ки дар татбиқи қонуни мазкур мусоидат менамоянд.
«Бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Вазорати адлия, Маркази миллии қонунгузорӣ, кумитаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, Академияи илмҳо, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, иттифоқҳои нависандагон ва рӯзноманигорон ҷиҳати фаҳмондани муҳтавои асосии тағйиру иловаҳои воридшуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 августи соли 2017 дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт мулоқоту суҳбатҳо доир гардиданд»,-афзуд А. Норасов ва илова кард, ки дар ин вохӯриҳо сокинони пойтахт ба суолҳои хеш дар мавриди риояи қонуни танзим посух гирифтанд.
Номбурда ҳамчунин изҳор намуд, ки иҷрои муқаррароти қонуни мазкур зери назорати ҷиддӣ қарор дошта, соли 2017 дар шаҳри Душанбе 129 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба танзим сабт шудааст. Нисбат ба онҳое, ки ба қонуншиканӣ даст задаанд, санад тартиб дода шуда, барои тадбирандешӣ ба суд пешниҳод гардидааст.
Зимни санҷиш аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маълум гардид, ки дар бархе аз тарабхонаҳо тартиби истифодаи шартномаҳои тарафайн дуруст ба роҳ монда нашудааст. Аз ин рӯ, бо мақсади ба низом даровардани кор дар ин самт ва дигар масоили вобаста ба татбиқи қонун, дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1678 санҷиши муштарак доир ба ошкор ва пешгирии қонуншиканиҳо гузаронда шуд.
Дар ин давра комиссияҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои пойтахт барои камхарҷ доир намудани ҷашну маросимҳо, пешгирии қонуншиканиҳо ва таблиғи корҳои хайриявӣ суҳбату вохӯриҳои зиёд доир намуданд. Дар вохӯриҳо масъулин моҳияти қонуни мазкурро ба шаҳрвандон фаҳмонида, аз онҳо риояи қатъии онро талаб намуданд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Январь 2, 2018 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони минтақаи Рашт ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кулоб кумак расониданд
МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ «Устоди алоқа»!
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ силсилавохӯриҳо баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони бошиддат ва жола дар назар аст
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд