Дар Душанбе Фестивали гурӯҳи эҷодии кӯдаконаи «Ҳафтранг» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 18.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 19 январи соли равон соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Фестивали гурӯҳи эҷодии кӯдаконаи «Ҳафтранг» баргузор мегардад.
Фестивал бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар барномаи консертӣ дар радифи дигар дастпарварони студияи «Ҳафтранг», ғолибони озмуни телевизионии «Бо тамоми овоз», ки дар Федератсияи Россия баргузор гардида буд, Амал Ҳафизова, Дилноза Абдуалимова, Томирис Илназарова ва Некруз Зребунов ҳунарнамоӣ мекунанд.
Дар фестивали мазкур инчунин ҳунарнамоии ҳунарпешагон Таҳмина Рамазонова-роҳбари студияи «Ҳафтранг», Зафар Абдуалимов, Баха-84 ва Мадина Ақназарова дар назар аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






