Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 09.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. 9 январи соли 2018 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо ҳайати қатарӣ, ки иборат аз роҳбарияти Раёсати ҳамкории байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Қатар ва инчунин Мудири иҷроияи ширкати энергетикии “Небрас” (Nebras Power) Холид Муҳаммад Ҷулу мебошад, баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкими онҳо дар самтҳои гуногун, аз ҷумла, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва ғайра табодули афкор намуданд.
Сафари ҳайати мазкур ба Тоҷикистон дар ростои татбиқи тавофуқоте, ки зимни музокироти сатҳи олӣ моҳи феврали соли 2017 дар Давҳа ҳосил шуданд, идома дорад.








Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд






