Дар Душанбе Сирки Ӯзбекистонро хеле гарм истиқбол гирифтанд

Январь 9, 2018 14:43

ДУШАНБЕ, 9.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Барномаи ҷолиби ҳунармандони Сирки давлатии Ӯзбекистон тӯли чанд рӯз аст, ки дар саҳнаи Сирки давлатии Тоҷикистон рӯзе ду маротиба манзури тамошобинон мегардад.  Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.  Ҳарчанд аз оғози намоишҳо қариб 10 рӯз гузаштааст, ҳанӯз ҳам талабгорони тамошои барномаҳои сиркӣ хеле зиёданд. Гурӯҳ-гурӯҳ мардуми интизори навбат ва толори пури тамошобин гувоҳи ин гуфтаҳост.

Зикр шуд, ки барномаи ҷолиби гурӯҳи ҳунарии Сирки давлатии Ӯзбекистон аз намоишҳои гимнастҳо бо лассо, гимнастҳо бо халқа, дорбозҳо, намоишҳо бо ҳайвонҳои ромшуда ва масхарабозон иборат аст. Тамошобинони хурдсол, ки барномаи сиркӣ барояшон дар таътили зимистона ҳадяи хуб аст, ҳар намоишро бо шавқу завқ ва таҳайюр тамошо мекунанд.

Директори гурӯҳи эҷодии Сирки давлатии Ӯзбекистон Нарзинисо Алиева зимни суҳбат иброз дошт, ки онҳоро дар Душанбе хеле гарм истиқбол гирифтанд. «Тоҷикҳо ва ӯзбекҳо мардуми ду давлати ба ҳам дӯсту бародар ҳастанд. Раванди имрӯзаи таҳкими робитаҳо умед аз ояндаи нек медиҳад. Шояд барои ҳамин ҳам моро ин қадар гарму самимӣ пазируфтанд, зеро баъди 25 сол гӯё аввалин муждаи дӯстиро овардем»,-иброз дошт Нарзинисо Алиева.

Номбурда иброз намуд, ки нияти таклиф намудани ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва таҳияи барномаҳои муштараки сиркиро доранд. «Инчунин мехоҳем, ки барномаи Сирки давлатии Ӯзбекистонро ба мардуми вилоятҳои Суғду Хатлон низ намоиш диҳем»,-изҳор намуд мавсуф.

Нарзинисо Алиева ба фаъолияти гурӯҳи ҳунарии Сирки давлатии Тоҷикистон баҳои хуб дода, иброз дошт, ки сирки тоҷик дар ояндаи наздик ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад.

 

 

 

Январь 9, 2018 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад