Дар Хуҷанд маросими муаррифии Раиси нави вилояти Суғд баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.01.2017./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо Асадулло Раҳмон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими муаррифии Раиси нави вилоят баргузор гардид. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раиси вуилоят иттилоъ дод.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бинобар расидан ба синни нафақа аз вазифаи Раиси вилояти Суғд озод карда шуда, бо Фармони дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд таъин карда шуд. Фармонҳои Сарвари давлатро Ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаи кадрҳо Асадулло Раҳмон ба самъи фаъолон расонид. Асадулло Раҳмон ҳамзамон аз фаъолияти кории Абдураҳмон Қодирӣ ва саҳми ӯ дар рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят ёдовар шуда, дар кору рузгори минбаъда барояш комёбиҳо таманно намуд.
Абдураҳмон Қодирӣ ба сухан баромада, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуд ва афзуд, ки ҳамаи дастоварду комёбиҳое, ки вилояти Суғд тули солҳои роҳбариаш ба даст овард, маҳз натиҷаи дастгириҳои Сарвари давлат мебошад.
Раҷаббой Аҳмадзода низ барои боварӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуд ва изҳор дошт, ки тамоми донишу малака ва таҷрибаи кориашро дар ҳамкорӣ бо фаъолон барои рушду нумӯи кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд сафарбар хоҳад кард.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Абдураҳмон Қодирӣ барои фаъолияти пурсамараш аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба и.в. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар иҷрои вазифаи пурмасъулият барору комёбиҳо таманно намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода 16 сентябри соли 1971 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ.
Соли 1993 Институти химия- технологияи Ҷумҳурии Қазоқистонро бо ихтисоси «муҳандис-химик-технолог» ва соли 2010 Академияи хизматчиёни давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси «иқтисодчӣ» хатм намудааст.
Фаъолияти кориашро аз соли 1993 ба ҳайси муҳандис-технологи заводи «Лаъл»-и шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, солҳои 1994-2016 дар вазифаҳои муовини сардори заводи «Сангбурӣ», сардори идораи робитаҳои иқтисодии берунӣ, муовини директори генералӣ ва директори генералии ҶС «Ленинободпромстройматериал»-и Хуҷанд, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, директори генералии КВД «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд, раиси шаҳри Қайроққум ва раиси шаҳри Хуҷанд кор кардааст.
Аз 30 марти соли 2016 то январи соли 2018 дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдааст.











Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






