Дар Ишкошим барои мутахассисони ҷавон бинои 24-ҳуҷрадори истиқоматӣ бунёд мегардад

Январь 5, 2018 15:30

ХОРУҒ, 5.1.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Ишкошим сохтмони бинои истиқоматӣ барои 24 оилаи ҷавон оғоз ёфт. Биноро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «БМД» бунёд намуда, маблағгузории онро, ки 3,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар уҳда дорад.  Ин хонаҳои истиқоматӣ асосан барои мутахассисони ҷавон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешбинӣ шудаанд.

Сардори Раёсати иқтисоди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  Латиф Шоҳзода гуфт, ки «Ҳукумати ҷумҳурӣ дар чанд соли охир ба масъалаи бо манзил таъмин намудани сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят таваҷҷуҳи беандоза зоҳир мекунад. Бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ  дар шароити манотиқи кӯҳистон шумораи оилаҳоеро, ки ба манзил ниёз доранд, коҳиш медиҳад. Аз сӯи дигар, бештари ин биноҳо дар замини бекорхобида сохта мешаванд ва деҳқонон аз боғу киштзори худ маҳрум намемонанд».

Ба гуфтаи сардори Раёсати иқтисоди вилоят, танҳо дар шаҳри Хоруғ беш аз 500 оила барои гирифтани хона дар навбат мебошанд. Аз ин рӯ Ҳукумати  Тоҷикистон барои ҳалли ҳарчи зудтари ин масъала ба бунёди биноҳои баландошёна оғоз намуд.

Дар вилоят тирамоҳи соли гузашта ду бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор дода шуданд ва ҳамзамон бинокорон ба бунёди  бинои 12-ошёнаи истиқоматӣ шурӯъ карданд.

 

 

Январь 5, 2018 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид