Дар Истаравшан ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ тақвият меёбад

Январь 8, 2018 09:51

ДУШАНБЕ, 08.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ  барои муайян кардани самтҳои асосии рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат ҳамчун қутбнамо мебошад. Ин нуктаро раиси Шӯрои ҷамъиятии  шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода зимни ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ баён дошт.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти раиси шаҳри Истаравшан  Шералӣ Азимӣ хабар дод.

Дар ҷаласа намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа, роҳбарони идораву муассисаҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аҳзоби сиёсӣ ва созмону ташкилоти ҷамъиятӣ ширкат варзида, андешаву бардоштҳои худро аз Паёми Пешвои миллат иброз доштанд.

Зикр шуд, ки Паёми навбатӣ низ инъикосгари воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ва барномаи мукаммали идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат мебошад. Тавассути  Паёми имсола Сарвари давлат  роҳҳои таҳкими минбаъдаи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян намуданд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар раванди корбарии хеш робитаи худро бо ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияи ҷамъиятии амалкунанда бобати ҳалли муаммоҳои ҷойдоштаи ҷомеа имрӯз боз ҳам қавитар гардонида, ҷиҳати  тарғибу ташвиқ ва дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни аҳолии шаҳру деҳоти Истаравшан кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Январь 8, 2018 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд