Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон самтҳои асосии рушди туризмро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 17.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Самтҳои асосӣ ва рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»- таҳти чунин унвон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид. Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории барномаҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ баргузор шуда, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова туризмро аз соҳаҳои даромадноки мамлакат ҳисобид. «Туризм яке аз муҳимтарин бахши иқтисодиёти ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, аз ҷиҳати даромаднокӣ баъди истеҳсоли нефт ва соҳаи истеҳсоли мошин дар ҷои сеюм меистад. Бо назардошти ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд»,-баён дошт С. Раҷабова.
Мавсуф иброз намуд, ки соли 2017 аз толорҳои хониш ва намоишгоҳҳои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» беш аз 20 ҳазор нафар меҳмонон дидан намуданд, ки аз онҳо 1262 нафарашон меҳмонони хориҷӣ буданд.
Зикр гардид, ки рушди туризм ба бунёди иншооти нав ва афзудани ҷойҳои корӣ сабаб шуда, буҷаро ғанӣ мегардонад.
Дар ҳамоиш дар мавзӯъҳои «Вазъ ва дурнамои рушди туризм дар Тоҷикистон» ва «Омода намудани мутахассисони соҳаи туризм дар шароити имрӯза» маърузаҳо шунида шуданд.
Ширкаткунандагони ҳамоиш ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани самти сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ мубодилаи афкор намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






