Дар мақомоти гумрук масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 22.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Таъмини амнияти миллӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳаракатҳои дорои характери террористӣ, экстремистӣ ва коррупсионӣ»- таҳти чунин унвон дар Душанбе бо ташаббуси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат баргузор гардид. Дар он беш аз 40 нафар кормандони гумруки «Майдони ҳавоӣ» ва дидбонгоҳи гумрукии «Пахтаобод» — Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, машварат бо мақсади таъмини амнияти миллӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳаракатҳои дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ ва коррупсионӣ гузаронида шуд. Дар он сардори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти гумрук Сабзалӣ Шарифзода ва дигар кормандони масъули мақомоти гумрук роҷеъ ба самтҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, саҳми мақомоти гумрук дар муқовимат алайҳи экстремизм ва терроризм, омилҳо, зуҳурот, шомилшавии ҷавонон ва оқибатҳои ногувории он, чораҳои иловагии таъмини бехатарӣ дар фурудгоҳҳо ва ҳавопаймоҳо, омилҳои коррупсионӣ ва дигар зуҳуроти суиистифода аз мансаби хизматӣ дар мақомоти гумрук, муқовимат ба савдои одамон, омилҳо ва саҳми мақомоти гумрук дар пешгирии ҷиноятҳои хариду фурӯши одамон ва дигар масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти миллӣ ибрози назар намуданд.
Таъкид шуд, ки таҳдиду хатарҳои замони муосир, бахусус терроризм ва экстремизм сарҳад надоранд ва дар назди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан гумрукчиён барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ вазифаҳои муҳим меистанд.









Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






