Дар Маркази миллии тестӣ барои таблиғгарони ИМД-2018 машварати омӯзишӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 22.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон шурӯъ аз имрӯз, 22 январ барои таблиғгарони низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (минбаъд – ИМД) дар сатҳи ҷумҳурӣ барои соли 2018 машварати омӯзишӣ оғоз ёфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар баробари мавзӯъҳои маъмулие, ки ҳамасола оид ба онҳо ба иштирокдорони машварат шарҳу иттилоот пешниҳод мегардид, имсол доир ба як қатор навгониҳои низоми ИМД, аз қабили пешномнависӣ (бақайдгирии пешакии довталабон дар ҳолати «бархат» (онлайн)), кори хаттӣ (эссе) ва хизматрасонии «Худро бисанҷ» дарсҳои алоҳида ба нақша гирифта шудаанд. Иштирокдорони машварати омӯзишӣ аз ҳисоби кормандони масъули раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимӣ интихоб шудаанд.
Курси омӯзишӣ дар се сатҳ: ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ баргузор мегардад.
Дар доираи 9 дарси пешбинишуда давоми 3 рӯз дар ду сатҳи аввал ва дар давоми моҳи феврал дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ доир ба мавзӯъҳое, ки бевосита ба амалҳои ҳатмии анҷом медодаи довталабон робита доранд, гуфтугӯҳо сурат мегиранд.
Сатҳи аввали омӯзиш барои 96 нафар корманди муваққатии Марказ – таблиғарони чор минтақа: шаҳри Душанбе, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (дар шаҳри Душанбе, маҷлисгоҳи Марказ), вилояти Суғд (дар шаҳри Хуҷанд, гимназияи №24 ба номи Бобоҷон Ғафуров), водии Вахши вилояти Хатлон (дар шаҳри Қӯрғонтеппа, муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №12 ба номи Анварбек Ҳамидов) ва водии Кӯлоби вилояти Хатлон (дар шаҳри Кӯлоб, Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф) 22 – 27 январ баргузор мегардад.
Сатҳи дуюми омӯзиш барои 3100 нафар намояндаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоию миёнаи касбӣ дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо рӯзҳои 29 – 31 январ ва сатҳи сеюми омӯзиш барои 124 000 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии зикршуда давоми моҳи феврал бевосита дар худи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар анҷоми омӯзиш донишҳои азхудкардаи иштирокдорони сатҳи аввал вобаста ба мавзӯъҳои пешниҳодшудаи барномаи омӯзишӣ аз тариқи тест санҷида мешаванд.
Инчунин аз 5 феврал то 10 март, дар баробари мониторинги ҷараёни курси омӯзишӣ дар сатҳи сеюм, вохӯриҳои кормандони муваққатии Марказ бо омӯзгорон ва падару модарони хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо пешбинӣ шудааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






