Дар маркази ноҳияи Варзоб мағозаи фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда мешавад
ВАРЗОБ, 06.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Варзоб ба рушди ҳунарҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Барои ин курсҳои махсуси омӯзишӣ ташкил карда шудааст ва нақша дорем, ки имсол дар маркази ноҳияи Варзоб мағозаи фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ низ ташкил намоем. Ин матлабро раиси ноҳияи Варзоб Савзаалӣ Назирзода зимни нишасти хабарӣ, ки дирӯз доир гардид, иброз дошт.
Тавре раиси ноҳия иброз дошт, Варзоб бо доштани беш аз 957 адад минтақаҳои истироҳатии замонавӣ, табиати зебои афсонавӣ ва маскани осоиши рӯҳу тан буданаш ҷойи дӯстдоштаи сайёҳони дохилию хориҷӣ қарор дорад.
Ба маълумоти номбурда, ҳамасола шинондани беш аз 46 ҳазор бех гулҳои мавсимию ҳамешасабз ба ҳусни ин дараи зебоманзар ҳусни тоза зам менамояд. «Дар соли гузашта беш аз 59 ҳазору 754 бех дарахтони гуногун шинонда шуд, ки аз ин миқдор беш аз 23 ҳазораш дарахтони мевадиҳанда мебошад»,- гуфт Савзаалӣ Назирзода.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






