Дар Москва ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии ИДМ таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 20.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москва дар ҳудуди маркази навоварии “Сколково” 17 январ ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласа таҳти раисии ҷониби Тоҷикистон, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия Имомуддин Сатторов баргузор гашт. Дар рафти ҷаласа Сафири Тоҷикистон Консепсияи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар соли 2018 барои ҳозирин ба таври муфассал муаррифӣ намуд.
Дар ҷаласа як қатор санадҳо, аз ҷумла лоиҳаҳои Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллифӣ аз 24 сентябри соли 1993, Созишнома дар бораи паҳн намудани ҳуҷҷатҳо дар соҳаи стандартикунонии байнидавлатӣ, Низомнома дар бораи Маркази асосии Барномаи байнидавлатии ҳамкориҳо дар соҳаи навоварии давлатҳои аъзои ИДМ барои давраи то соли 2020, маҷмӯи чораҳои муштараки давлатҳои аъзои ИДМ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо ҳорӣ барои давраи то соли 2025 таҳти баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, Нақшаи чорабиниҳои аввалиндараҷа оид ба амалигардонии Консепсияи амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи истифодаи неруи ғайринизомии ҳастаӣ, Дурнамои истеҳсол, истеъмол, воридот ва содироти навъҳои асосии маҳсулоти давлатҳои аъзои ИДМ дар соли 2018 ва ғайра муҳокима гардиданд.








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






