Дар ояндаи наздик хатсайри нави ҳавоӣ байни Душанбе ва Самарқанду Бухоро ба роҳ монда мешавад

Январь 4, 2018 12:48

ДУШАНБЕ, 04.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ояндаи наздик байни пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Душанбе ва шаҳрҳои Самарқанду Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон  хатсайри нави ҳавоӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

«Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» пешниҳод намудааст, ки байни Душанбе ва шаҳрҳои Самарқанду Бухоро хатсайри нави ҳавоӣ кушода шавад. Оид ба ин масъала қарори дахлдор қабул гардид ва ба ҷониби Ӯзбекистон ирсол карда шуд»,-гуфт манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бори аввал дар тӯли 25 сол байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон парвозҳо ба роҳ монда шуданд. Дар айни замон  Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» ҳафтае як маротиба- рӯзи сешанбе тариқи ҳавопаймои А320 ба пойтахти Тоҷикистон парвоз анҷом медиҳад.

 

Январь 4, 2018 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад