Дар сарҳад зимни 31 задухӯрди мусаллаҳона 20 нафар қочоқчиён дастгир гардиданд
ДУШАНБЕ, 09.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2017 бо қочоқчиён ва вайронкунандагони хати сарҳад 31 маротиба задухӯрди мусаллаҳона ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 18 қочоқчӣ нобуд ва 20 нафари дигар дастгир карда шуданд. Дар ин бора имрӯз зимни ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хизматӣ-ҷангии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар соли 2017 изҳори назар карда шуд.
Тавре ба АМИТ “Ховар” сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, дар ҷаласа раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумурии Тоҷикистон, генерал-полковник Саймумин Ятимов, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ, отрядҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа инчунин зикр гардид, ки дар ин давра 31 маротиба кӯшиши убури ғайриқонунии хати сарҳад пешгирӣ карда шудааст. Ҳамзамон 138 далели вайронкунии сарҳади давлатӣ ва 105 далели вайронкунии низоми сарҳади давлатӣ ба қайд гирифта шуда, 205 нафар вайронкунандагони сарҳади давлатӣ ва 201 нафар вайронкунандагони низоми сарҳади давлатӣ боздошт гардиданд.
Дар ҷамъомад камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ муҳокима гардида, барои бартараф намудани онҳо аз ҷониби раиси КДАМ ҶТ ба роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳо оид ба иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда, ҳамчунин пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва мустаҳкамии назорати сарҳад супоришҳои мушаххас барои соли 2018 дода шуданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






