Дар сарҳади давлатӣ интиқоли қариб 32 кг маводи мухаддир пешгирӣ карда шуд

Январь 15, 2018 14:37

ДУШАНБЕ, 15.01.2018. /АМИТ  «Ховар»/. Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон интиқоли ғайриқонунии тақрибан 32 кг маводи мухаддири навъи афъюнро  дар сарҳади давлатӣ пешгирӣ намуданд.

Дар ин бора сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхочаев ба АМИТ “Ховар” хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, 11 январи соли 2018, соати 14:10 хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар яке аз минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» амалиёти муштарак гузаронида, дар натиҷа убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби қочоқчиёни афғон ва кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд.

“Дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ қочоқбарони афғон иборат аз 4-5 нафар бо сарҳадбонони тоҷик ва кормандони РВКД ҶТ рӯ ба рӯ шуда, байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад, ки  дар натиҷаи задухӯрд як нафар қочоқчӣ безарар гардонида шуд. Боқимонда аз тариқи қамишзор ақибнишинӣ намуда, ба тарафи Афғонистон фирор намуданд”,- гуфт манбаъ.

Дар айни ҳол оид ба ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Бино ба маълумоти Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017 аз тарафи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти қудратии ҷумҳурӣ аз қочоқчиён ба миқдори 1 740 кг 335 гр маводи нашаъдор, аз ҷумла,  27 кг 267 гр  героин,  455 кг 629 гр афюн, 865 кг 711 гр ҳашиш, 386 кг 820 гр бангдона (канабис), 4 кг 908 гр метамфитамин дарёфт ва мусодира гардида,  577 507 бех ниҳоли банги ҳиндӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.

 

 

 

Январь 15, 2018 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад