Дар шаҳри Хоруғ Фестивали ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид
ХОРУҒ, 19.1.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ Фестивали ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Дар он занону духтарони ҳунарманд маҳсули дасти хешро ба намоиш гузошта, дар бораи таърихи пайдоиши баъзе аз маҳсулоти дастӣ, тарзи дӯхтану бофтани онҳо маълумот доданд. Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Подшоҳхоним Абдураҳмонова гуфт, ки «дар ин фестивал қариб 50 нафар занону духтарон аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон ширкат варзида, беш аз 30 намуди маҳсулоти ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузоштанд. Мақсад аз баргузории фестивал ҳарчӣ бештар ҷалб кардани таваҷҷуҳи духтарон ба ҳунарҳои ниёгон мебошад. Зеро ҳар як духтари кӯҳистонӣ дар гузаштаи начандон дур бо тарзи бофтани ҷӯробу муҳра ва дӯхтани курта шинос буд, аммо имрӯз теъдоди онҳо хеле кам гардидааст».
Ташкилкунандагони фестивал бар ин боваранд, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 метавонад ба зиёд шудани сафи ҳунармандони ҷавон мусоидат намояд.










Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






